Вазорати иттилооти (амнияти) Эрон дар иттилоияе аз хунсосозии 30 инфиҷори ҳамзамон дар Теҳрон ва боздошти 28 террорист тавассути “сарбозони гумноми Имомзамон” хабар дод. Ҳувияти боздоштшудаҳо эълон нашудааст, аммо дар ҳади ақал ду ҳамали террористӣ дар ин кишвар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам шудаанд, ки чанд рӯз қабл яке аз онҳо ҳукми қатл гирифт.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, бо нақл аз ин иттилоияи Вазорати “сарбозони ҷабҳаи гумномӣ”, “анҷоми 30 инфиҷори террористӣ ҳамзамон дар марокизи пурҷамъияти Теҳронро кашф, хунсосозӣ ва тамоми авомили онро дастгир карданд”.
Ба гуфтаи манбаъ “инфиҷорҳои мавриди баҳс бо ҳадафи шикастани иқтидори амниятӣ ва ироаи тасвири бесубот аз кишвар, эҷоди яъсу ҳарос дар ҷомеа ва таҳрик ба балво ва эътироз, дақиқан барои мақтаъи солгарди иғтишошоти соли гузашта барномарезӣ шуда буданд”.
Гуфта мешавад “сарбозони беному нишони Эрони исломӣ” дар рӯзҳои ахир “тайи силсилаи амалиётҳои ҳамзамон дар устонҳои Теҳрон, Алборз ва Озарбойҷони ғарбӣ, чандин пойгоҳ ва хонаи тими террористҳоро мавриди ҳамла қарор дода ва 28 нафар аз аъзои шабакаи террористии мазкурро боздошт карданд”.
Манбаъ аз силоҳҳое, ки дар амалиётҳо кашф шудаанд хабар медиҳад, ки боратанд аз: маводи инфиҷорӣ ва бомбҳои омода, ҳаҷми фаровони маводи пешсози бомб, як бастаи 100 ададии чошнии инфиҷорӣ ва абзори гуногуни электироникӣ барои бомбаҳои замонӣ (таймерӣ), 17 қабза силоҳи камарии амрикоӣ ҳамроҳ бо гулӯлаҳои марбута, дастгоҳҳои мутааддиди иртиботии ҳушманд ва моҳвораӣ, маблағҳои арзҳои хориҷӣ ва ғайра.
Боздошти гурӯҳе, ки гуфта мешавад барои даҳҳо инфиҷор омода медидааст, дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки дар Эрон тазоҳуроти мардум бо гузашти як сол аз кушта шудани Маҳмо Аминӣ дубора дар ҳоли густариш аст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

