Sunday, March 8, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНеруҳои укроинӣ: дар ду ҳамла 96 низомии рус, аз ҷумла фармондеҳи Новгони...

Неруҳои укроинӣ: дар ду ҳамла 96 низомии рус, аз ҷумла фармондеҳи Новгони Баҳри Сиёҳ кушта шуданд

Неруҳои Амалиёти Махсуси Укроин хабар додаанд, ки дар лаҳзаи ба киштии десантбари “Минск”  дар ду ҳафтаи қабл, дар он персонали ин киштӣ ҳузур дошт, чун қарор буд фардояш ба баҳр барояд.

Дар натиҷаи зарбаи мушакии нерӯҳои укроинӣ ба ин киштӣ, шумори ҷонбохтаҳои неруҳои истилогари рус 62 нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин дар натиҷаи ҳамлаи неруҳои укроинӣ ба ситоди Новгони (флоти) Баҳри Сиёҳ, ки се рӯз қабл, нимарӯзии 22 сентябр иттифоқ афтод, 34 низомии рус кушта ва 105 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ҳамчунин манбаъ аз кушта шудани фармондеҳи Новгони  Баҳри Сиёҳ адмирал Виктор Соколов хабар медиҳад.

Гуфта мешавад Соколов унвони адмиралро 6 июни соли ҷорӣ ба даст оварда буд. Ҳамин тавр, ӯ олирутбатарин афсари рус аст, ки дар Укроин кушта шуд. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular