Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетМуштзанҳои тоҷик мусобиқот дар Бозиҳои Осиёро бо пирӯзӣ шурӯъ карданд

Муштзанҳои тоҷик мусобиқот дар Бозиҳои Осиёро бо пирӯзӣ шурӯъ карданд

Пас аз баромади бомуваффақияти ҷудокорони тоҷик муштзанҳо кишвар низ нахустин рақобатҳои худро пирӯзӣ шурӯъ карданд. Ду муштзани тоҷик — Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов дар аввалин набарди худ дар Бозиҳои осиёии Ҳанҷоу рақибонашонро ба хонаҳояшон гусел карданд. 

Дар даври аввали зӯрозмоӣ Асрор Воҳидов дар вазни то 57 кило бар Сулия Хаммӣ аз Лаос ва Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило бар Муҳаммад ал-Хуфайтиёт аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пирӯз шуданд. 

Дар даври дувум, ки қарор аст рӯзи 30 сентябр баргузор шавад, Асрор ба масофи Салим Ҳусайн аз Бангладеш меравад ва Муҳаммад рӯбарӯи Баҳодур Ҷалолов, муштзан аз Узбекистонва қарор мегирад.

Гуфтанист дастаи мунтахаби муштзанҳои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳанҷоу аз 13 нафар муштзан (7 мард ва 6 зан) иборат аст.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон тавонист, ки дар рақобатҳои Бозиҳои Осиёӣ 3 медал ба даст оварад: Сомон Маҳмадбеков — тило, Темур Раҳимов — нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода — биринҷӣ. 

Дар радабандии мусобиқот тими кишвар дар зинаи 12-ум қарор дорад.  

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?