Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетВоридоти таҷҳизоти маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз пардохти гумрукӣ озод...

Воридоти таҷҳизоти маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд

Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кодекси гумрук ва андози кишвар тағйироте ворид намуд, ки тибқи он воридоти таҷҳизоти маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид тибқи воридоти тағйиру иловаҳо ба кодекси гумрук ва андоз дар оянда воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар кишвар аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Вакилони парлумон ин иқдомро рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар унвон кардаанд.

 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?