Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро минтақаи хавфноки шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент пеш аз таъмир санҷида нашудааст?

Чаро минтақаи хавфноки шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент пеш аз таъмир санҷида нашудааст?

Дар километри 33 + 700 — и роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент 17 апрели соли равон аз таъсири фурӯ рафтани теппа қабати асфалтпӯши роҳ қариб 60 метри тӯлонӣ  вайрон шуд ва ҳаракати нақлиёт манъ гардид.

Комиссияи кории Вазорати нақлиёт дар ин мавзеъ санҷиш гузаронида сабаби асосии фурӯравии теппаро аз ҳад зиёд нам гирифтани қабати хоки теппа ҳисобидааст. Сабаби дигарашро аз гузаштани мошинҳои гаронвазн, ба ҷунбиш даромадани роҳ ва аз тарафи обпартои чап шуста шудани қабати болоии он маънидод кардаанд. Дар ин қисмати роҳ фурӯравии теппа ва вайроншавии роҳ ҳоло ҳам ҷараён дорад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода афзудааст, “Коршиносони Вазорати нақлиёт барои бартараф кардани оқибатҳои вазъи баамаломада чораҳои фаврие, чун тоза кардани қисми болоии теппаи фурӯраванда аз ҷинсҳои овезон, гузаронидани тадқиқоти муҳандисию арзёбии вазъи имрӯзаи мазкур ва таъмини роҳи муваққатии таворавӣ барои гузариши воситаҳои нақлиёт пешниҳод намуданд.”

Бино ба таҳлили муҳандисон минтақаи мазкур яке аз минтақаҳои хатарнок баҳогузорӣ гардидааст.

Аммо Вазорати нақлиёт шарҳ надодааст, ки чаро пеш аз мумфарш кардану кафолати истифодаи 50 сола додани раисҷумҳур муҳандисон тафтишу таҳлили пешакӣ нагузаронидаанд? Чаро пеш аз таъмири шоҳроҳ  хатари фуруравии теппаҳо  ба назар гирифта нашудааст ва  танҳо баъди вайрон ва корношоям шудани роҳ коршиносон муаян кардаанд, ки минтақаи мазкур яке аз минтақаҳои хатарнок будааст ва дар ин мазеъ теппаҳое ҳам вуҷуд доштааст, ки эҳтимоли зиёд нам гирифта ба шоҳроҳ сарозер шуданаш будааст?

Чизи дигар ин, ки вақте гузаштани мошинҳои боркаш бо борҳои вазнин сабаби вайрон шудани роҳ мешуда бошад, чаро масъулин ва мутасаддиёни назорати роҳ иҷоза додаанд, ки мошинҳои боркаш бо бори аз ҳад зиёд дар ин роҳ бигарданд? Магар ин хунукназарии масъулини Вазорати нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилии ВКД нест?

Бояд гуфт, вақти он расидааст, ки ҳар як масъул дар пеши мардум аз хунукназарӣ нисбати масъулияти  ба ӯ боваркарда ҷавоб гуяд. Вагарна аз дасти масъулини бемасъулият кишвар валангор мешавад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика