Айни замон Федератсияи Русия теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатиро ихроҷ ё мамнуъулвуруд карда истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷои ҷалби ин шаҳрвандон дар бозори дохилии кор ё эҷоди ҷойҳои корӣ, дар садади касби авф барои онон аст. Ҳадаф ҳарчи бештар содир намудани қувваи кории арзон буда, барои ноил гаштан ба он омода аст боз ҳам санадҳои чандину чандро ба имзо расонад. Сафари ахири Владимир Путин ба Тоҷикситон низ исботи ин нукта аст. Ҳукумат нақшаи табдили ҷумҳурӣ аз аграрӣ ба агро-саноатиро пеш гирифтааст, аммо аз чӣ бошад, ки нерӯи ҷавон ва қувваи пешбарандаи иқтисоди миллӣ ҳамоно ба хориҷа сафарбар карда мешавад. Ин гиреҳ аз куҷо боз мешавад? Саргаҳи ин оби лойолӯд куҷост? Ин ва даҳҳо саволи дигар солиёни дароз зеҳни моро машғул медорад. Гузоришҳои солона … Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар гузоришҳои солонаи худ аз талоши ҳамаҷонибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ростои муқобила бо хариду фурӯши одамон, истисмори ҷинсӣ ва меҳнати маҷбурӣ ишора мекунад. Банди 130.1 кодекси ҷиноятӣ барои истисмори ҷинсӣ ва меҳнати маҷбурӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 5 то 15 солро дар назар гирифтааст, ки ҷазои сангине ба шумор меравад. Аммо бо ин ҳол, аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ осебпазиртар буда, ҳамасола теъдоди қурбониёни меҳнати маҷбурӣ ва рӯ ба афзоиш аст. Инчунин бо такя ба гузоришҳои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон, ки теъдодашон дар Русия болои миллион аст, бештар дар корҳои сохтмонӣ, соҳаи хизматрасонӣ ё фабрикаву заводҳо машғуланд. Мутаассифона аксарияти ин муҳоҷирон дар рафти ҷустуҷӯи кор ба доми ширкатҳо ё ашхоси фиребгар афтода, ба меҳнати маҷбурӣ фаро гирифта мешаванд. Занҷир, банд, ҳалқа ва афроди зери шиканҷа Дар лексикони муосир вақте калимаи «ғулом» ё «ғуломдорӣ» истифода мешавад, тасвири ваҳмноки занҷир, банд, ҳалқа ва афроди зери шиканҷа пеши назар меояд. Имрӯз ин шакли истисмори инсон кайҳо кӯҳна шуда, ҷои онро дар асл равишҳои дигаре гирифтааст. Корфармоён аз тариқи таҳдид ва тарс додан аз ихроҷу ҷаримаҳои калон ба муҳоҷирони беҳуқуқ фишор оварда, шароити сахтро болояшон бор мекунанд. Барои мисол, гурӯҳе аз муҳоҷирон ба ягон иншооти сохтмонӣ бо ваъдаи бардурӯғи маоши хуб ба кор ҷалб карда мешаванд. Сипас онҳо бо ҳаҷми воқеъии кори тоқатфарсо, шароити бади зист ва маблағи андак мувоҷеҳ мешаванд, вале ҳуқуқи рад кардан ё тағйири шароитро надоранд. Аз чӣ бошад, ки чунин ҳолатҳои меҳнати зӯракӣ ҳамчун амри табии қаламдод мешавад? Ё бисёр мешунавем, ки муҳоҷирон пас аз анчоми кор қодир ба дарёфти музди меҳнати худ нестанд ва арзи хешро ба ҷое расонида наметавонанд. Ин ҳолатро чи метавон номид? Оморҳо ва таҷриба нишон додааст, ки дар ҷомеаи мо ғуломдорӣ дар шакли нави он ба таври васеъ рӯ ба густариш аст. Қишри ҳукмрон ва «бедор»-и ҷомеъа бошад, ба ҷои чораандешӣ ва хотимаи ин раванд, роҳи шаҳрвандонро ҳамасола ба сӯи муҳоҷират фарохтар месозанд. Ғуломи замонавӣ Дар кодекси ҷиноятӣ дар ин мавзӯъ дастуру иловае ба таври возеҳ ва мушаххас наомадааст. Барои мисол дар қонунгузории муосир шахсе, ки озодона имкони истифодабарӣ аз телефон дошта бошад, аллакай фарди соҳибихтиёр шинохта мешавад. Ғуломдории навин гоҳ дар шакли кору маоши муқаррарӣ ва гоҳ ҳамчун хизмати муздурӣ таҷассум меёбад. Як коргари оддӣ дар зоҳир гӯё бо хоҳиши худ (дэ юре), аммо дар асл (де факто) чорае ҷуз фурӯши қувваи кории худ надошта, бо ин тартиб надониста худро тобеъ ва ғуломи ҳалқабаргӯши корфармо мекунад. Ҳамаи ин талошҳо маҳз барои зери миёнаҳол нигоҳ доштани зиндагии оммаи мардум сурат мегирад. Шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди истисмор ва ҳақхӯрии корфармоён қарор гирифта, дар шароити бади маишӣ умр ба сар мебаранд. Авҷи зулму ҳақхӯрӣ онҳоро водор месозад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ҳамон «полис» муроҷиат намоянд. Мутаассифона мақомоти фасодзада ба ҷои баррасӣ ва чораандешӣ аз паи тафтиши фаъолият ва будубоши қонунии ин муҳоҷирон шуда, дар сурати қонуншиканӣ ё набуди ҳуҷҷати корӣ (патент) онҳоро ба ватан ихроҷ мекунанд. Бо ин тартиб муҳоҷири ихрочшуда ба муддати се ё панҷ сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум мегардад ва сарнавишти минбаъдаи ӯ дар ватан низ барои касе аҳамияти чандон надорад. Андешаи ғуломӣ Аз офатҳои раванди ғуломшавии тоҷикон, нохудогоҳ пазируфтани ин воқеъият буда метавонад. Ин падида нисбати ғуломдории классикӣ ба маротиб хатарноктар аст, чун ин бор мардум надониста ба доми ғуломдорон кашида мешаванд. Дар ин росто хидмати системаи буҳронзадаи кунунии ҷумҳӯрӣ беназир аст. Ҳанӯз аз овони кӯдакӣ «ғуломвор андешидан» дар майнаи ҷавони тоҷик ҷойгузин мешавад. Ӯро бесаводу камзаҳра ва ҳамеша дар орзӯи сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба бор меоранд. Аслан омодагии қабули чунин тарзи зиндагӣ барои сокинони як ҷумҳӯрӣ даҳшатовар аст. Дар ин марҳила инсон дар худ эътирозе надорад ва онро бо таъбирҳои гуногун мепазирад. Ин аст, ки ҳамаи нобаробарию беадолатиҳо гоҳ ҳамчун амри тақдир ва гоҳ мисли як воқеияти рӯзгор кабул карда мешаванд. Чунин ҳолатҳои равонӣ ва омодагии пазириши ғуломӣ бадтарин шакли он ба ҳисоб меравад. Инак таи ду даҳа аст, ки қишри меҳнаткаш ва осебпазири ҷумҳӯрӣ ба чунин вабое гирифтор шудааст. Мардум на танҳо сухан аз тағйири ҳолат намезананд, балки фикри баромадан аз ин бӯҳрон ҳанӯз дар майнаи аксарият рахна накардааст. Таварруми иқтисодӣ Таварруми иқтисодии давомнок аз омилҳои асосии бад шудани некуаҳволӣ ва вазъияти молии шаҳрвандон ва зарба ба камару ҷайби меҳнаткашон мебошад. Нархи маҳсӯлот ва озӯқаворӣ доим аз ҳисоби таваррум боло рафта, музди меҳнат бетағйир мемонад. Аз инрӯ муҳоҷирон ҳамасола камбудии будҷаи оилавиро ночор бо нархи кори пештара ва танҳо аз ҳисоби изофакории пурмашаққат ҷуброн намоянд. Аз сабабҳои дигари эҷоди таваррум ва болобарии нарху наво монополияи содироту воридот ва фурӯши мавод аст, ки дар ҷумҳурӣ аз ҷониби шахсони наздик ба элитаи ҳоким идора ва чархонида мешавад. Бо сабаби набудани рақобати солим дар бозори воридот ва фурӯши мавод нарху наво низ ҳамеша сайри рӯ ба боло дорад. Муқобила бо меҳнати иҷборӣ Яке аз роҳҳои пешгирии меҳнати иҷборӣ, пурзӯр намудани корҳо дар самти рушди маориф ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва хусусан маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ дорад, имкон ва тавони бештаре барои раҳоӣ аз ҳолатҳои зӯроварӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ хоҳад дошт. Омили дигар, ҳимояти ҳамаҷонибаи ҳукумат аз ҳуқуқи муҳоҷирони мехнаткаш дар сатҳҳои гуногуни байнидавлатӣ мебошад, ки мутаассифона ингуна ғамхорӣ ва пуштибонӣ тамоман эҳсос намегардад. Баръакс сиёсати рӯз баёнгари он аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба як воситаи фишор барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни давлатҳо табдил ёфтааст. Бо мақсади дарёфти асли мушкил ва анҷоми тадқиқи амиқтар, сари нахи таҳқиқот моро ба долонҳои ҳукумат ва болотарин табақаи ҳокимият хоҳад расонд. Шояд омили тангдастиву камбизоатӣ, нобасомонии аҳолӣ ва берун фиристодани қувваи солиму созандаи мамлакат барои доираи ҳукмрон беандоза манфиатовар буда, дар инзиво ва фақри информатсионӣ қарор додани умум умри режими фасодзодаро чанд сабоҳе дарозтар намояд, аммо онро абадӣ нахоҳад кард. Ахмад Одиназод
Кишвари агро-саноатӣ ё диёри ғуломон?
Тамос бо мо
📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!
📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot
Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.