Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетНорасоии буҷаи давлатии Тоҷикистон таийи рубъи нахусти соли ҷорӣ ва солҳои 2015-2016

Норасоии буҷаи давлатии Тоҷикистон таийи рубъи нахусти соли ҷорӣ ва солҳои 2015-2016

Тибқи гузориши дафтари матбуотии Вазорати молияи Тоҷикистон, даромади буҷаи давлатӣ, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ, бо норасоии 145 миллион сомонӣ рӯбарӯ шудааст.

Бар ин асос, ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлати Тоҷикистон, тайи рубъи нахусти соли ҷорӣ 4 миллиарду 862 миллион сомонӣ эълом шуда, ки наздик ба 3 дарсад камтар аз маблағи барномарезӣ шуда будааст. Дар ҳоле, ки мебоист дар ин муддат бахши даромади буҷаи давлати Тоҷикистон ба 5 миллиарду 7 миллион сомонӣ мерасид.

Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадиён-муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, идомаи коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар ва кам шудани мизони дарёфти боҷи гумрукӣ, аз муҳиммтарин авомили касри буҷаи давлати ин ҷумҳурӣ, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ буда ва дар 3 моҳи нахусти имсол, ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, 11,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2016 низ бахши даромади буҷаи давлати Тоҷикистон, бо касри 781 миллион сомонӣ рӯбарӯ шуда буд.

Раванди  норасоии бахши даромади будҷаи давлатии Тоҷикистон дар пайи идомаи буҳрони молии ин кишвар дар соли 2015 оғоз шуд, ки дар 6 сол ахир бе собиқа буд.

Дар соли 2015 танҳо 94 дарсад аз бахши даромади буҷаи давлати Тоҷикистон иҷро гардид ва  ҳукумат натавонист ба ваъдаи худ барои афзоиши маоши кормандони буҷавӣ амал кунад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?