Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоЧаро Оҷонсии мубориза бо фасод ва чаро ин замон?

Чаро Оҷонсии мубориза бо фасод ва чаро ин замон?

Ҳабси гурӯҳи калони мансабдорони давлатӣ бо иттиҳоми фасод ва он ҳам аз ниҳоде ки бояд бо фасод мубориза барад, ибтикори яке аз ниҳодҳои дигари давлатӣ аст. Аз ҳамин хотир, фарзия ва тахминҳое дар расонаҳо ва зеҳни коршиносон дар ин  замина ба вуҷуд меояд ва гоҳо махсус чунин фарзияҳоро сохта ба чомеъа  таҳмил ҳам мекунанд, то як тасаввуроти ғалате ба вуҷуд биёяд.

Яъне, яке аз ниҳодҳои давлатӣ, барои мисол, ҳоло КДАМ, аз вуҷуди фасод дар дигар ниҳоди давлатӣ огоҳ шуда, тибқи вазифа ва салоҳияти қонунии худ амал кардааст ва пеши роҳи фасодкоронро гирифтааст. Фардо шояд чунин »фасодлкореро» дар мақомоти судӣ, прокуратура пайдо мекунад ва ё дар вазорати дохила ва ҳатто, худи КДАМ ва ба ҳабс мегирад. Ин ҳам боз тасаввуреро ба вуҷуд меорад, ки гӯё ин ниҳод »ҷуръат» намуда, як мансабдори порахӯрро зиндонӣ кард. Яъне, интститутҳои давлатии Тоҷикистон тибқи салоҳият ва ваколаташон доранд кор мекунанд.

Аммо, ин саробе (иллюзия ) беш нест. Касоне, ки анатомияи қудрат ва идораи давлатии Тоҷикистонро хуб медонанд, ба чунин »тахлилҳои ҷиддӣ ва мӯшикофона» ҷуз табасум ҷавоби дигаре надоранд. Воқеъият ин аст, ки чунин амалиетҳо , ҳабсҳо ва парвандаҳо дар Тоҷикистон бе дастури нафари аввал  ҳеҷ гоҳ анҷом намешаванд ва нахоҳанд шуд. Ҳатто парвандаҳои аз ин хурдтар ҳам. Барои он, ки масъала каме возеҳтар шавад, ба чанд нукта бояд аҳамият дод. Тоҷикистон аз лиҳози аҳолӣ, пул ва масоҳат як давлати хурд аст, баробари як вилояти Россия,  як шаҳри Чин, як устони Ирон. Дар муқоиса бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, шумораи мансабдорони хурду бузурги давлатӣ ва шумораи  идораву ташкилотҳои ҳукуматӣ нисбати дарсади аҳолиаш яке аз аввалинҳост. Боз ҳам дар муқоиса бо сари аҳолӣ болотарин рақами кормандони ҳифзи ҳуқуқро дорад. Болотар аз ин, тамоми ниҳодҳои маҳаллӣ, мисли раисони маҳаллаву шаҳракҳо, муаллимон, духтурҳо ва ҳатто қисме аз кормандони соҳаи фарҳангу расонаҳо ҳам амалан ба кормандони ғайрирасмии ин сохторҳо табдил шудаанд.  Аз тарафи дигар, Прокуратура, ВКД, КДАМ, Оҷонсии мубориза бо фасод ва боз чанд зерсохторҳои дигар тибқи салоҳиятҳояшон масъулияти пешгирӣ, мубориза ва решакан кардани ҳамагуна амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла, фасодро доранд. Кофист, ки як бор қонунгузорӣ дар бораи ин сохторҳоро варақ бизанем. Ва ҳамаи ин сохторҳо, ҳатто, дар сатҳи милисаи ноҳия ҳам таҳти назорат, мудирият ва фармони нафари аввал ҳастанд ва ӯ онҳоро таъйин ва сабукдӯш мекунад. Ба ибораи дигар, ҷузъи номенклатураи Президент маҳсуб мешаванд.  Ҳамагуна тағйирот, парванда ва болову поин бурдани ин ҷузъе аз номенклатураи давлатӣ бидуни иҷозат ва дастури нафари аввал имкон надорад. Ҳади ақал, даҳ соли охир чунин аст ва рӯз ба рӯз ин система амиқтар ва фарохтар мешавад.

Пас суол ба вуҷуд меояд, оё дар чунин ҳолат имкон дорад, ки кадом вазире, раисе ё прокуроре ҷасорати оғоз кардани парванда ба кадри президент ва намояндаи президентро дар ин ё он сохтор дошта бошад? Оё ин дар як давлати худкомаи шахсмеҳвар имкон дорад?  Албатта, не. Дар кившаре мисли Тоҷикситон ҳама медонанд кӣ чӣ қадар медуздад ва аз кадом ҳисоб. Ҳам Президент медонад, ҳам мардум. Ҳама  падару модарон медонанд, ки кадом муаллим ва директор чӣ қадар пул мегирад аз талабагон, ҳама беморон медонанд ки кадом духтур чӣ қадар мегирад, ҳама сокинон медонанд, ки як санад дар ҷамоъат ва ё идораи ноҳиявӣ чӣ қадар нарх дорад. Ҳама медонанд, ки як санад дар милиса ё ҳатто вазорати хориҷа ё сафоратҳо чӣ қадар маблағ меистад. Инро ҳар касе медонад, ки ҳади ақал як бор кораш афтодааст. Ва аз ҳама муҳимаш, ҳама медонанд, ки мансаби давлатӣ бо пул гирифта мешавад, агарчӣ нархашро хама намедонанд ва ҳатто, тасаввур хам карда наметавонанд. Беҳтарин мисоли ин гуфтаҳо ҳарфи худи президент аст, ки дар як ҷаласаи ҳукуматӣ чанд вазирро хезонд ва гуфт: »ман медонам шумо чи қадар медуздед! Як бор ба хотир биёред, вақти таъйин карданам чӣ доштед ва чӣ хел будед? Ҳоло чи доред? Дар ойина худро бинед! Хиёнат накунед! Аз ҳад нагузаронед!»  

Инро садҳо ҳазор инсон дар пахши мустақим дид ва шунид. Яъне, ӯ медонад, кӣ чӣ қадар медуздад ва аз куҷо! Онҳо ҳам медонанд , ки Президент медонад! Мардум ҳам медонанд, ки онҳо медузданд ва Президент медонад! Пас мушкил дар куҷост?  Тамоми решаи ин мусибати миллӣ дар ҳамон ду ҷумлаи охири Президент аст: “хиёнат накунед! Аз ҳад нагузаронед!” . Хиёнат ба кӣ ё ба чӣ? Аз кадом ҳад нагузаранд ин дуздон? Он ҳадро ки муайян кардааст? Қонун? Миллат? Ватан?

Маълум аст, ки ҳеҷ кадоме аз инҳо нест. Агар манзури Президент аз калимаи »хиёнат» хиёнат ба миллат, ватан ва қонун бошад, инҳо аллакай хиёнат кардаанд ва президент инро медонад. Чун худаш гуфт, ки ман медонам, кадомаш чӣ қадар медуздад. Агар манзураш аз ҳадҳади қонун ё манфиатҳои миллӣ мебуд, билофосила пас аз донистан онҳоро ҳабс мекард. Пас инҷо вожаҳои хиенатва “ҳад” комилан маънӣ ва моҳияти дигар доранд дар фаҳмиш ва истифодаи президент ва ҳама мусибатҳои миллату давлати мо ҳам дар ҳамин фаҳмиши ӯст. Ва воқеъан ҳам нишон дод, ки барои ӯ дуздидан, одам куштан, замину истиқлолияти давлатро фурӯхтан хиёнат нест. Аз ҳад гузаштан нест.

Хиёнат аз нигоҳи ӯ вақте мешавад, ки касе бигӯяд:  ин кори ту ғалат аст, сиёсатҳоят иштибоҳиянд! Тоҷикистонро меросӣ накун! Овози мардумро надузд! Пули мардумро дар суратхисобҳои хориҷии худат ва фарзандонат ҷамъ накун! Ба сулҳу ваҳдат хиёнат накун! Ба либосу ришу намозу рӯзаи мардум, ба дегу косаи инсонҳо кордор нашав!   

Ҳамон гапҳоеро бигӯяд, ки ҳар инсони дигар дар олам ба президенташ мегӯяд ва »хоин» ҳисоб намешавад. Аммо, дар кишвари мо ин хиёнат аст ва бузургтарин хиёнат, ки на танҳо худаш, балки тамоми наздикону хешу табор ва ҳаммаслаку ҷонибдоронаш бояд хоин эълон шаванд ва ҳабсу мусодираи амволи онҳо барои мансабдорон ҳалол аст. Магар касоне, ки то имрӯз хоин эълон шуданд ё бо иттиҳоми фасод зиндонӣ гаштанд, аз дигарон бештар дуздида буданд?  Аниқ, ки камтар ё аслан чизе надуздида буданд. Вале дар фаҳмиши Президент онҳо хоин буданд ва мемонанд, чун ӯ болотар аз миллат, давлат ва қонун аст!

Аммо чаро ин гурӯҳе аз мансабдорон ҳоло ҳабс шуданд ва бо дастури кӣ? Оё онҳо ҳам аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки ҷое ё ошкор ё пинҳон аз сиёсати Президент интиқод кардаанд? Яъне, “хиёнати бузургкардаанд? Албатта, не. Инҳо шахсият ва ҷасорати Муҳаммадалии Ҳаиту Саидумар Ҳусайнӣ, Ёқуб Салимову Ғаффор Мирзоев, Маҳмадназар Солиеву Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Умаралӣ Қувватову Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёров, роҳбарияти ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳоро надоранд, ки ҷое дар ин бора гуфта бошанд. Аслан, ҷузъи ҳамон системаи дуздии худашонанд, ки бо ҳам дуздидаанд, хӯрдаанд ва ядигаррро хуб медонанд. Имконият надорад, ки муовини раиси Оҷонсӣ фасодкорӣ карда бошад ин ҳама солҳо ва раисонашон (Ғоибову Рустами Эмомалӣ) намедонистанд. Ё Ятимову Раҳимзодаву Юсуфӣ намедонистанд. Вале, чаро имрӯз ва чаро инҳо?

Ҷавобро бояд боз ҳам дар ҳарфҳои Президент нисбати ин ниҳод пайдо кард. Ӯ дар муроҷиат ба кормандони ин оҷонсӣ ахиран, ки он ҳам тариқи ТВ нишон дода шуд,  гуфт: “ин ниҳодро худам таъсис додам ва худам аз байн мебарам!” . Ба ибораи дигар, ин ниҳод рисолаташро анҷом дод ва дигар барои нигаҳ доштани он зарурате вуҷуд надорад. Бояд далели кавие дошт барои барҳам додани он ва далели  беҳтаре  аз фасодзадабудани ин ниҳод барои мардум пайдо намешавад. Бо ҳабсу парвандасозии чанд мақоми миёна ва баланди ин ниҳод, чунин вонамуд мекунанд, ки ҳукумат аз як ниҳоди фасодзада миллатро раҳонид ва дорад бо ин падида муборизаи ҷиддӣ мебарад. Як бор рӯйхати боздоштшудагонро бубинем. Баъзеҳо хешу табори афроде мебошанд, ки пештар ҳам дар рӯйхати одамони машкукбудаанд, мисли наздикони Сайиданвар Камолов, собиқ вазири амният, ки бо мавқеъҳои мустақил ва миллимеҳвари худ маъруф аст. Ё домоди Амирқул Азимов, ки баъзан назарҳои »фарқкунанда» медод, ҳатто вакти вазифаи давлатӣ доштан ҳам. Ё чанд нафари дар ҷомеъа ношиносу тасодуфӣ, ки аз дуздону такқаллубкоронихуди система будаанд.

Чаро ҳоло ин ниҳод дигар лозим нест ва бояд баста шавад? Ҷавобро ҳам дар рафтор ва амали ҳамин ниҳод аз рӯзи аввали пайдоишаш бояд ҷуст. Оё дидед, ки кадом мансабдор ё мақоми баланпояи давлатиро ин оҷонсӣ ҳабс ё парванда карда бошад? Масалан, вазире, раисе ё ягон одами наздики ҳукуматро? Албатта, не. Аммо, парвандаҳои аз ҳама пурсару садои ин ниҳод зиди роҳбарону фаъъолони мухолифин ё афроди мустақил будааст. Бигирем қазияи Зайд Саидовро, ё Муҳиддин Кабирӣ ё Шӯҳрат Қудратов ё Бузургмеҳр Ёров ва дигарон. Яъне, ин ниҳод аз рӯзи аввал ҳамчун василаи фишор ва тӯҳмат бар зиди мухолифин пайдо шуд ва то имрӯз корашро хуб анҷом дод. Боқӣ парвандахои хурду реза барои фонбуданд, на воқеъият. Ҳоло ки мухолифин дар дохили кишвар нестанд ва пул ҳам надоранд, дигар чӣ лозим ин ниҳоди сарборӣ? Бояд аз байн биравад. Ҳукумат ҳоло пулеро, ки қаблан барои нигаҳ доштани ин ниҳод сарф мекард, ният дорад барои таъсиси шабакаҳои беҳтари расонаӣ ва иттилоотиву ҷосусӣ зиди мухолифин харҷ кунад. Баъзе сарчашмаҳои мӯътамад пештар хам гуфта буданд, ки ҳукумат дарк кардааст, ки ҷанги иттилоотиро бо мухолифин бохта истодааст, вале дар натиҷаи буҳрони иқтисодӣ пули зиед барои харҷ дар ин самт надорад. Ҳама рӯзноманигорон ҳам танҳо аз рӯйи тарс ҳамкорӣ намекунанд , бояд харҷ кард. Бинобар ин, тасмим шудааст , ки яке аз ниҳодҳоро, ки рисолаташ мубориза бар зиди гуногунандешон буд, ба ниҳодҳои нав, вале муассиртар иваз кунанд. Пайдо шудани даҳҳо расонаҳои фейкӣ ва фаъолтар шудани расонаҳои амалкунандаи давлативу нимдавлатӣ баёнгари тағйир дар ин самт мебошад.

Эҳтимол меравад, пас аз пайдоиши ингуна таҳлилҳо ҳукумат барҳам задани ин ниҳодро як муддат ба ақиб партояд, то »исбот» кунад, ки ин ҳабскуниҳои ҳангомавӣ ҷузъе аз барномаи мубориза бар зиди фасод асту бас. Аммо агар Ятимову Раҳимзодаву дигар муборизони зиди фасод”  воқеъан мехоҳанд фасодро решакан кунанд, медонанд ки решаи фасод ва сари он дар куҷост.  Кофист, ки он вирус аз бадани миллат берун карда шавад, на ин, ки ҳамаи миллатро маъюбу фалач гардонему реша боқӣ бимонад ва миллатро аз байн бибарад.  

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика