Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоҲиндустону Туркия аз муносиботи молӣ бо доллар даст мекашанд? (акс)

Ҳиндустону Туркия аз муносиботи молӣ бо доллар даст мекашанд? (акс)

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия эълом кард, ки Туркия ва Ҳиндустон имкониятҳои тарки доллар дар муомилоти молӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ бо пули миллии ин ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Эрдуғон инро дар як анҷумани соҳибкорон, ки дар шаҳри Деҳлии нави Ҳиндустон баргузор шуд, изҳор дошт.

«Амалиёти содирот ва воридоти молӣ, ки бо пули миллӣ сурат мегирад, таъсири манфии тағйирёбии қурби асъорро коҳиш хоҳад дод» — ин сухан ба нақл аз президенти Туркия дар сойти оварда шудааст

Бино ба манбаъ Эрдуғон таъкид кардааст, ки ин гузариш ба иқтисоди миллии ду кишвар таъсири мусбат хоҳад расонд.

Президенти Туркия ҳамчунин қайд кардааст, нерўи муносибатҳои Ҳиндустону Туркия пурра истифода бурда намешавад. Аз ин рӯ ба зудӣ «муҳокимаи лоиҳаи созишнома оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни ин ду кишвар дар миқёси калон оғоз хоҳад ёфт».

 

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика