Friday, January 30, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазъи саломатии Муҳаммадалӣ Ҳаит ваҳим шудааст

Вазъи саломатии Муҳаммадалӣ Ҳаит ваҳим шудааст

Тибқи иттилои сомонаи “Фергана” вазъи саломатии ҷонишини раиси ҲНИТ, маҳбуси сиёсӣ Муҳаммадалӣ Ҳаит, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, бо шиддат бад шуда, ба дахолати оҷили табибон ниёз дорад.

Ин сомона бо такя ба маълумоти наздикони Ҳаит навиштааст, ки ӯро дарди шадиди ҷигар ва яке аз гурдаҳояш азият медиҳад. Қабл аз боздошташ ҳам, тибқи иттилои наздиконаш, Маҳмадалӣ Ҳаит ба табобати ҷигар ва гурдааш машғул буда, дору истифода мекардааст. Вале алъон имкони дастрасӣ ба табобат ва доруҳоро надорад.

Бо вуҷуди муроҷиъатҳои пайдарпайи ӯ ба мақомоти зиндон, то ҳанӯз барояш шароити табобат ва ҳатто ташхиси табибон таъмин кард нашудааст. Шароити бадӣ нигаҳдорӣ дар зиндон ҳам ба афзоиш ёфтани бемории ӯ мусоидат карда, вазъашро ваҳимтар кардааст.

“Фергана” навиштааст, дар сурати оҷилан таъмин нашудани Муҳаммадалӣ Ҳаит бо табиб ва доруворӣ, имкони падид омадани авоқиби нохуше вуҷуд дорад.

Муҳаммадалӣ Ҳаит баъди мамнӯъ эълон шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон боздошт шуда, ба ҳабси абад маҳкум шудааст.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular