Sunday, June 1, 2025
ads
HomeХабарҳоЭҳтиёт ними ҳаёт. Ё эҳтиёт, бизнеси нави милисаи тоҷик!

Эҳтиёт ними ҳаёт. Ё эҳтиёт, бизнеси нави милисаи тоҷик!

Аз як тараф кам шудани ҷинояткорӣ дар кишвар, аз тарафи дигар касбияти номувофиқи милисаҳо барои ифшои ҷиноятҳо боис шудааст даромади милисаҳои тоҷик коҳиш ёфта, онҳо даст ба ҷинояткорсозӣ ё қаллобии нав зананд.

Ин қаллобӣ аз он иборат аст, ки милисаҳо дар кӯча телефони дастӣ ва ё маблағи пулие мепартоянд ва вақте нафаре онро бардошту дуртар рафт, боздошташ намуда ба дуздӣ айбдор мекунанд. Дар натиҷа аз он нафар, вобаста ба вазъи иқтисодиаш аз 1000 то 5000 сомонӣ “ҷаримаи бидуни расид” меситонанд.

Як ронандаи такси дар Душанбе ба “Паём” навиштааст, ки шахсан шоҳиди ду ҳодисаи қаллобии нави милисаҳо гашта, як ҳодисаи дигарро аз забони муштариаш шунидааст. Ҳодисаи аввал милисаҳо навраси тахминан 12-13 солаеро бо ин намуди “дуздии телефон” боздошт намуда, мехостаанд ба шӯъба ВКД баранд, вале модараш огоҳ шуда, бо пардохти маблағе писарашро аз дасти онҳо озод кардааст.

Ҳодисаи дуввум, милисаҳо 500 сомонӣ пулро дар кӯча партофта мунтазири “муштарӣ” меистанд, ки ҷавони тахминан 17-18 солае онро мебардорад. Вақте милисаҳо мехоҳанд ӯро дастгир кунанд, ҷавон чолокона фирор мекунад. Ронанда навиштааст, ки баъди фирори ҷавон милисаҳо ба айбдору дашномкунии ҳамдигар пардохтаанд, ки «500 сомонӣ сӯхт».

Муштарии ин ронанда нақл кардааст, ки милисаҳо бо ин усул наврасеро боздошт кардаанд, вале мардуми ҳузурдошта аз сохтакории онҳо огоҳ шуда, наврасро аз чанголи “ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ” озод кардаанд.

“Паём” аз хонандагон хоҳиш менамояд эҳтиёткор бошанд ва агар дар кӯча маблуғи пулӣ ё телефони ҳамроҳ диданд, ба ҳеҷ ваҷҳ онро набардоранд. Ҳамчунин аз онҳое, ки ба ин намуди қалообии милисаҳо дучор шудаанд, хоҳиш мешавад ба мо маълумот диҳанд, то дигарон ҳам огоҳ гарданд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика