Пожертвовать
12.2 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойНомаҳо ба президентМуроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова

    Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова

    Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор ва блогери муқими Олмон, дар саҳифаи худ дар Фейсбук муроҷиати ошкоро ва тундро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, нашр кардааст.

    Дар номаи саргушод, ки таҳти унвони «НОМАИ САРВО» интишор шудааст, Атовуллоев ба ҳукми Рухшона Ҳакимова, хабарнигори маҳкумшуда ба 8 соли зиндон, ишора карда, ин амалро як ҷинояти нобахшиданӣ номидааст.

    Зиндони модар ва асорати кӯдакон

    Дар муроҷиат, ки бо забони танқидӣ ва шадид навишта шудааст, Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон хитоб карда, мегӯяд:

    ❝Дирӯз як гурӯҳ авбошон як бонуи тоҷикро ба номи Рухшона (ҳамноми духтари шумо) ба муҳлати 8 сол зиндон карданд ва ду кӯдакашро асир гирифтанд. Яке аз онҳо даҳмоҳа, дигараш дуюнимсола аст.❞

    Блогери шинохта, ки солҳои тӯлонӣ аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад, дар идомаи муроҷиаташ навиштааст:

    ❝Вақте ки тифлаке мегиряд, Худо мегиряд!

    Атовуллоев савол мегузорад, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон аз мухолифон метарсад, дар ҳоле ки онҳо хатаре надоранд, ва таъкид мекунад, ки зиндони модари бегуноҳ ва зиндаятим кардани ду кӯдак ҷиноятест, ки ҳеч гоҳ фаромӯш намешавад.

    Дархости бозбинии ҳукм

    Атовуллоев дар идомаи номаи худ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳукми Рухшона Ҳакимоваро бозбинӣ кунад, ва ба пайомадҳои эҳтимолии он ишора мекунад.

    Ба таъкиди ӯ:

    ❝Ҳатто куштани 150 000 тоҷикистонӣ дар даврони роҳбарии шумо оҳиста-оҳиста ба фаромӯшӣ меравад, аммо зиндон кардани як модари бегуноҳ ва зиндаятим кардани ду кӯдаки фариштахӯ ҳеч кас фаромӯш намекунад.❞

    Дар интиҳои муроҷиат, Атовуллоев бо як иқтибос аз Саъдии Шерозӣ хитоб мекунад:

    Накуӣ кун имсол, чун деҳ турост,
    Ки соли дигар, дигаре деҳхудост!

    Ин муроҷиати шадид дар фазои расонаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, бисёре аз корбарон аз боздошти рӯзноманигор ва асир гирифтани кӯдаконаш изҳори нигаронӣ мекунанд.

    Нусхаи пурраи номаи Додоҷон Атовуллоев

    НОМАИ САРВО

    бидуни интизори посух ва вокуниш

    Ба додситони кулли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Ба вазири адлияи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Ба раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Ба муфтии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
    Ба ягона адвокати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Ҷаноби Олӣ!
    Асосгузори сулҳу ваҳдат!
    Пешвои миллат!
    Сояи Худо дар рӯи замин!

    Дирӯз як гурӯҳ авбошон як бонуи тоҷикро ба номи Рухшона (ҳамноми духтари шумо) ба мӯҳлати 8 сол зиндон карданд ва ду кӯдакашро асир гирифтанд. Яке аз онҳо даҳмоҳа, дигараш дуюнимсола аст.

    Барои як лаҳза тасаввур кунед, ки Шукрона (тифлаки бонуи зиндонӣ) шаб бедор мешаваду модарашро фарёд мекунад ва гиря бунёд мекунад. Дигараш тарсон бедор мешаваду ба ӯ мепайвандад. Ин гиряҳо ба гӯши шумо мерасад?

    Вақте, ки тифлаке мегиряд, Худо мегиряд!

    Насиҳат намекунам. Шумо носеҳи миллат ҳам ҳастед. Ҳар рӯз панду андарз мегӯед. Аммо аз мухолифону дигарандешон натарсед, зеро гуфтаанд:

    ❝Душмани дами дар хатар надорад,
    Аз душмани хонагӣ битарсед!❞

    Ҳазор наворҳои фачулач, ҳазор айбмониҳои нимдурӯғи мухолифони содиротӣ ва мазҳабӣ эътибори шуморо намекоҳонад. Онҳо собиқ ҳамёрони шумо, худ ғарқи гуноҳу ҳамшарики хиёнатҳоянд.

    Ҳазор ситоишномаю мадҳияҳои лесакону хоямолони зархарид, кеЪрҳои шоирони дарборӣ, хона ба хона, кӯча ба кӯча, маҳалла ба маҳалла гаштану шуморо таърифу тавсиф кардани ин тӯдаи гурусначашм ба эътибори шумо намеафзояд.

    Ҳатто куштани 150 000 тоҷикистонӣ дар даврони роҳбарии шумо оҳиста-оҳиста ба фаромӯшӣ меравад. Ин миллати мо хотира надорад. Хотира аз роёнаи мағзаш ба ҳамеша ҳазф карда шудааст.

    Аммо зиндон кардани як модари бегуноҳ ва зиндаятим кардани ду тифлаки фариштахӯро ҳеч кас фаромӯш намекунад.

    Худо накунаду бо ин тифлакон фоҷиае рух диҳад, чӣ шарҳе доред?

    Аз дуои ин кӯдакони модаргумкарда наметарсед?

    Онҳо ба забони безабонӣ ба Худо шикоят мебаранд. Ё дигар тарс аз Худо ҳам надоред?

    Боре як ҷинояткореро, ки аъзои ҳукумататон буд, дар маҷлисе шармсор кардеду пасон гуфтед:

    ❝Гуноҳат аз мӯи сарат зиёд аст, агар ҷавон намебудӣ, зиндон мекардам!

    Рухшона магар пир аст, ки бегуноҳ 8 сол бандӣ мекунед?

    Бо ин шоҳбайти Саъдии бузургвор бо шумо хайрбод мегӯям:

    Накуӣ кун имсол, чун деҳ турост,
    Ки соли дигар, дигаре деҳхудост!

    Худо ба ҳамроҳ!
    То дидор дар Душанбе!

    📌 Д. А.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    1 КОММЕНТАРИЙ

    Шарҳи худро илова кунед!