Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарори наверо ба имзо расонид, ки тибқи он ба Вазорати мудофиа ва Вазорати нақлиёти кишвар 3 моҳ муҳлат дода шудааст, ки дар мувофиқа бо мақомоти амният тамоми дронҳои кишварро ба қайд гиранд.
Бо баробари амалӣ шудани ин қарор воридоту содирот, харидуфурӯш ва истифодаи тамоми дронҳо минбаъд дар кишвар танҳо тариқи иҷозатномаи махсус роҳандозӣ хоҳад шуд, ки дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода мешавад.
Чанде пеш мақомоти амниятии Тоҷикистон нигаронӣ аз он кард буд, ки содироту воридот ва харидуфурӯши беназорати дронҳои наворбардорӣ ба амнияти кишвар хатар дорад. Парлумон барои таъмини бехатарӣ ва назорати беҳтари парвози дронҳо ба Кодекси фазои ҳавоии кишвар тағйирот ворид намуд.
Ин дар ҳолест, ки дар бештари кишварҳо дунё қонунҳое, ки парвози дронҳороба танзим медарорад қабул шудааст, аммо танҳо дар кишварҳои мустабиде чун Тоҷикистон зери назорати пурра гирифта шудааст. Дар кишварҳои аврупоӣ ҳам парвози дронҳо асосан дар манотиқе, ки ҷамъшавии зиёди одамон дида мешавад ва дар шаҳрҳо манъ шудааст. Аммо дар фазои кушод ва деҳаву шаҳракҳо ҳеҷ монеъае вуҷуд надорад.
Дар ИМА парвози дронҳо танҳо дар шаҳри Вашингтон манъ шудааст. Ин қонун замоне қабул шуд, ки як дрон дар Қасри Сафед “суқут” кард.