Дар пайи боздошти Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҳоло хабарҳои тоза аз фурӯши амволи гаронбаҳои марбут ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. Ба иттилои дақиқи расида ба TajNews, дар барномаи навбатии “SK ESTATE”, як манбаи шинохташудаи таблиғоти амволи ғайриманқул дар Душанбе, қасре бо 60 ҳуҷра, ки ба номи Исматулло Абдуллозода ё «Исмати Дулик» маъруф аст, ба фурӯш гузошта шудааст.
Ин қасри азим, ки бо нархи 5 миллион доллар пешниҳод мешавад, эҳтимолан яке аз калонтарин ва гаронтарин хонаҳои истиқоматии фурӯшӣ дар Душанбе ба ҳисоб меравад. Манбаъҳои наздик ба таҳқиқот ба TajNews хабар доданд, ки ин қасри 60-ҳуҷрагӣ маҳз ба Исматулло Абдуллозода тааллуқ дорад — шахсе, ки бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон моҳи май аз вазифа барканор ва пасон бо иттиҳоми азонихудкунии беш аз 500 миллион сомонӣ ҳабс шуда буд.
Тибқи иттилои TajNews, пас аз боздошти ӯ ва муовинаш Аслиддин Меликов, даҳҳо амволи гаронбаҳо дар вилояти Хатлон ва атрофи пойтахт, аз ҷумла чор тарабхона, ду осоишгоҳ ва чанд манзили зист, ба фурӯш гузошта шуданд. Наздикони Абдуллозода мегӯянд, қасди бозпас додани маблағро доранд, вале натавонистаанд харидоре пайдо кунанд. Ҳоло фурӯши ин қасри калонро метавон қисми ҳамин кӯшишҳо донист.
Мақомоти зиддифасод дар ин замина аз изҳори назар худдорӣ кардаанд, аммо ба гуфтаи пайвандонаш, Исматулло Абдуллозода зери фишор қарор дорад ва борҳо маҳалли нигаҳдорияшро тағйир додаанд.
Фурӯши амволи Исмат Абдуллоев дар пасманзари таъиноти нави Зайнулло Шарифзода, шахси вобаста ба хонаводаи президент Раҳмон, ба мақоми раиси нави Фурудгоҳи Душанбе, дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. Баъзеҳо инро нишонаи тозае аз муборизаи сиёсӣ барои назорати бахшҳои калидии иқтисодӣ меноманд.
Дар ҳоли ҳозир, сарнавишти Абдуллозода номаълум боқӣ мемонад. Назари ӯ ва хонаводааш дар бораи фурӯши ин қасри 60-ҳуҷрагӣ низ то ҳол ба расонаҳо маълум нест.
TajNews ба пайгирии ин мавзӯъ идома хоҳад дорад