Tuesday, February 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетХатлон: Ҷашни Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

Хатлон: Ҷашни Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил мегардад

Имсол дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар ҷашни  байналмилалии  Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳр хабар дод.

Ба иттилои манбаъ дар бораи таҷлили бошукӯҳи ҷашни байнайлмилалии Наврӯз  қарори дахлдори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба имзо расидааст.

Гуфта шуд, ки дар  арафа  ва  рӯзҳои  ҷашни Наврӯз  дар  вилояти  Хатлон  чанд  чорабинӣ,  аз  ҷумла  ҳашар,  ҷашнвораи вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон”, иқдомоти тарғиботии “Тоҷикона мепӯшем”, “Ин ватанро мо – ҷавонон сабзу хуррам мекунем”, “Зебо ватан дорам”, гузоштани ангораҳои наврӯзӣ дар майдону гулгаштҳо, ташкили намоиши “Файзи Наврӯз” бо дастовардҳои кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархони “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, қаннодӣ  ва  таомҳои  миллӣ,  баргузории  маҳфилҳои  наврӯзӣ  бо  даъвати олимону  адибон  дар  шаҳру  ноҳияҳо  ва  ташкилоту  муассисаҳо,  ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили куштии миллӣ, чавгонбозӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ, шатранҷ, консертҳои идона бахшида ба Наврӯз ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular