Пожертвовать
9.5 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойХабарҳоҲушдори Гутерриш ба “Ҳамос” ва Исроил

    Ҳушдори Гутерриш ба “Ҳамос” ва Исроил

    Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” хостааст, ки ба раҳоии гаравгонҳо идома диҳад. Антонио Гутерриш рӯзи сешанбе дар баёнияе гуфт, азсаргирии хусуматҳо, ки сабаби фоҷиаи бузург хоҳад шуд, бояд пешгирӣ шавад.

    Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 10-уми феврал эълон кард, ки раванди раҳоии гаравгонҳоро бозмедорад.

    Намояндагони ин гурӯҳ мақомоти Исроилро ба поймоли созиши оташбас дар Ғазза муттаҳам карданд.

    Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки агар ҳамаи гаравгонҳои исроилӣ то нимрӯзи шанбеи ҳафтаи оянда озод нашаванд, созиши оташбас бекор хоҳад шуд.

    «Ҳамос» рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла кард, ки дар натиҷа беш аз 1200 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин 200 нафар исроилиро неруҳои “Ҳамос” ба гарав гирифтанд.  

    Пас аз ин Исроил ба Навори Ғазза ҳамлаи мусаллаҳ оғоз кард, ки дар натиҷа 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!