Меҳроб Амиров, сокини 18-солаи ноҳия Шаҳринав аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир шуд.
Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи «Ҳодиса-ТВ» саҳифа кушода, мунтазам аксу наворҳои беобрӯкунандаи ҷавондухтаронро паҳн мекардааст.
«Зимни санҷиш муайян гардид, ки Амиров М., барои аз саҳифаи худ тоза кардани аксу наворҳои ҷавондухтарон аз онҳо маблағҳои гуногуни пулӣ низ талаб намудааст»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳоло Меҳроб Амиров дар ҳабси пешакӣ аст. Кирдорҳои содирнамудаи ӯ мавриди тафтишот қарор дорад.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.