Пожертвовать
7.3 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойҶомеаҲушдор: қаллобон бо истифода аз номи рӯзноманигори тоҷик пирамидаи моляви таблиғ мекунанд!

    Ҳушдор: қаллобон бо истифода аз номи рӯзноманигори тоҷик пирамидаи моляви таблиғ мекунанд!

    Дар шабакаи иҷтимоии Facebook таблиғоте паҳн мешавад, ки дар он бо истифода аз номи рӯзноманигори тоҷик Муллорачаб Юсуфзода даъват ба сармоягузорӣ дар як пирамидаи молиявӣ карда мешавад. Ба иштирокчиён ваъда дода мешавад, ки бо ворид кардани маблағ, онҳо метавонанд даромади 18 000 сомонӣ ба даст оранд.

    Чӣ ҳодиса рӯй дод?

    Тавре аз скриншотҳо дида мешавад, қаллобон канали Телеграмии «Шерзод | Халол сармоягузорӣ»-ро таблиғ мекунанд, ки гӯё пурра халол буда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон сармоягузории боэътимод ва даромади осонро пешниҳод мекунад.

    Аммо Муллорачаб Юсуфзода дар саҳифаи расмии худ дар Facebook ин таблиғро қаллобӣ, фиреб ва дурӯғ номида, мардумро аз чунин аферҳо ҳушдор додааст.

    Чӣ бояд кард?

    ✅ Ба чунин таблиғот бовар накунед ва пайвандҳоро клик накунед.

    ✅ Маълумоти шахсии худро ба шахсони ношинос нафиристед.

    ✅ Ҳеҷ гоҳ маблағи худро ба ҷойҳое, ки шубҳанок ҳастанд, нагузоред.

    ✅ Дар бораи ин гуна қаллобон ба Facebook ва Telegram гузориш диҳед, то онҳоро масдуд кунанд.

    ✅ Ба дӯстону наздикон хабар диҳед, то онҳо низ қурбонии ин фиреб нашаванд!

    TajNews.org хонандагонро даъват мекунад, ки ҳушёр бошанд ва ба доми қаллобон наафтанд!


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!