Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва вакилони мудофеъро, ки бинобар фаъолияти касбии худ боздошт ва маҳкум шудаанд, бидуни ягон шарт ва фавран озод намояд.
Ин даъват дар ҷараёни 15-умин даври Диалоги ҳуқуқи башар байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, ки рӯзи 17 октябри соли 2025 дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, садо дод.
Ба гуфтаи манбаъ аз Иттиҳоди Аврупо, дар ин нишаст ба масъалаҳои муҳим — аз ҷумла вазъи ҳуқуқи инсон, озодии баён, иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва вазъи минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Дар баёнияи расмии Иттиҳоди Аврупо гуфта мешавад:
«Иттиҳоди Аврупо аз набудани пешрафт дар вазъи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард ва аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуд, то бо ақаллияти помирӣ ба таври созанда ва ошкоро муколама кунад. Иттиҳод ҳамчунин аз мақомоти кишвар хост, ки меъёрҳои байналмилалии мурофиаи одилонаро қатъиян риоя намоянд».
Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз маҳдуд шудани фазои фаъолияти рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷамъиятӣ нигаронӣ изҳор намуда, аз ҳукумат хост, ки барои сабти дубораи (перерегистрация) созмонҳое, ки маҷбур ба қатъи фаъолият шудаанд, шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки Диалоги ҳуқуқи башар имконият фароҳам овард, то ҷонибҳо андешаҳои худро дар бораи масъалаҳои калидӣ ба таври ошкоро ва созанда мубодила кунанд. Ба гуфтаи намояндагони Иттиҳоди Аврупо, муҳокимаҳо ба бахшҳои гуногун — аз ҷумла ҳуқуқи занон, мубориза бо зӯроварии гендерӣ ва масъалаи баробарӣ — дахл доштанд.
Иттиҳод Аврупо аз талошҳои мақомоти тоҷик барои таҳким бахшидани заминаи ҳуқуқӣ истиқбол кард, аммо таъкид намуд, ки на фақат қонунгузорӣ, балки татбиқи амалӣ ва натиҷаҳои воқеӣ дар самти ҳуқуқи инсон аҳамияти калидӣ доранд.
Ба гуфтаи Иттиҳод, барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар бояд:
- низоми мустақили назорат ва мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ таъсис дода шавад;
- пешгирии шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ пурзӯр гардад;
- адолати судӣ ва шаффофият дар мурофиаҳои судӣ таъмин шавад.
Дар поёни изҳорот омадааст:
«Муколамаи мунтазам оид ба волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон пояи муносибатҳои дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон аст. Иттиҳод ба аҳамияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосӣ, аз ҷумла плюрализми сиёсӣ, озодии баён, истиқлолияти ВАО ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид мекунад».
Гуфта мешавад, ки пешрафти воқеӣ дар самти озодиҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин ҳимояи аққалиятҳои қавмӣ ва динӣ, метавонад нақши ҳалкунанда дар қабули қарори Иттиҳоди Аврупо оид ба барномаи GSP+ (режими тиҷоратии имтиёзнок) барои Тоҷикистон дошта бошад.
Ин гуфтугӯ пас аз имзои Созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон (СРПС), ки моҳи июли соли 2025 параф шуда буд, баргузор гардид ва бори дигар омодагии ду ҷонибро барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба таъкид намуд.

