Агентии зиддикоррупсионии Тоҷикистон расман тасдиқ кард, ки чораи пешгирӣ нисбат ба Исматулло Абдуллозода, собиқ роҳбари Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ва чанде аз зердастонаш тағйир дода шудааст. Бо вуҷуди ин, тафтишоти пешакӣ аз рӯи ин парванда ҳанӯз идома дорад.
Ба иттилои расида ба TajNews, се нафар аз муттаҳамон — Аслидини Маликзода (муовини директор), Мухриддин Давлатов (сардори шуъбаи таъминот ва хизматрасонӣ) ва Тагоимурод Ҷуразода (кассир) — аз ҳабси пешакӣ озод карда шудаанд. Аммо мавқеи худи Абдуллозода то ҳол рӯшан нест.
Қаблан TajNews дар бораи ин парвандаи пуровозаи коррупсионӣ дар соҳаи авиатсия хабар дода буд, ки дар он нисбати 22 корманди фурудгоҳ, аз ҷумла роҳбари пешина, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ҳамон гузориш гуфта мешуд, ки Исматулло Абдуллозода дар азонихудкунии 961 миллион сомонӣ (наздик ба 100 миллион доллари ИМА) гумонбар дониста мешавад.
📎 Боздошти сардори фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми фасод: боз як мансабдори баландмақом зери таҳқиқ қарор гирифт
Дар ҷавоб ба дархости расмӣ, Агентӣ изҳор доштааст, ки Маликзода, Давлатов ва Ҷуразода пурра зарари моддиро ҷуброн карданд, бинобар ин чораи пешгирии онҳо аз ҳабс ба имзои надоштани ҳуқуқи баромадан аз ҷойи истиқомат иваз карда шудааст.
Дар мактуб ҳамчунин гуфта мешавад, ки Исматулло Абдуллозода танҳо қисме аз зарари ошкоршударо пардохт намудааст, аммо ӯ уҳдадор шудааст, ки бо фурӯши амволи боздоштшуда қисми боқимондаро низ ҷуброн кунад. Дар асоси ҳамин, чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ низ тағйир ёфтааст, вале дақиқ гуфта нашудааст, ки ӯ аз ҳабс пурра озод шудааст ё таҳти назорати хонагӣ қарор дорад.
Манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ҳамаи муттаҳамон, аз ҷумла худи Абдуллозода, 17 сентябр бо шарти напартофтани ҷойи зист озод шудаанд ва барои кафолати раҳоӣ тақрибан 300 миллион сомонӣ (наздик ба 32 миллион доллар) супоридаанд.
Бо вуҷуди ин, Агентӣ нагуфтааст, ки чӣ миқдор зарар то имрӯз аз ҷониби муттаҳамон ҷуброн шудааст. Тафтишот ҳанӯз идома дорад ва, ба гуфтаи манбаъ, метавонад бо иттиҳоми нави молиявӣ пурра шавад.
TajNews барои дақиқ кардани ҷузъиёти нав ба Агентии зиддикоррупсионӣ дархости иловагӣ фиристодааст, то маълум шавад:
- чораи пешгирии нав нисбат ба Абдуллозода кадом аст;
- чӣ қадар маблағ то ҳол ҷуброн шудааст;
- ва то кадом марҳила тафтишоти дигар 22 нафар идома дорад.
Парвандаи эҳтимолии дуздии қариб як миллиард сомонӣ дар яке аз бузургтарин муассисаҳои давлатӣ, яке аз калонтарин парвандаҳои коррупсионии солҳои охир шуморида мешавад.
Қаблан TajNews инчунин дар бораи сарват ва амволи шахсони марбут ба ин парванда маводи таҳқиқотӣ нашр карда буд:
🏛 Қасри 60-ҳуҷрагии Исмати Дулик ба фурӯш гузошта шуд – қурбонии бозии қудрат ё фасоди азим? Видео
Мушоҳидон бар он назаранд, ки шаффофияти тафтишот ва натиҷаи он нишон хоҳад дод, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон то чӣ андоза воқеӣ ва муассир аст.

