30-юми октябр мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон — Исроил Қурбонзода — баъди паҳн шудани навори ҳузураш дар маркази дилхушӣ аз вазифа рафт. Дар навори нашршуда дида мешавад, ки ӯ бо чанд нафар ба як маркази фароғатӣ ворид мегардад. Пахши навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гарм барангехт ва баъд аз чанд соат маълум шуд, ки Қурбонзода аризаи истеъфояшро пешниҳод кардааст.
Худи Қурбонзода иддао дорад, ки ҳузураш дар он мавзеъ “ҳолати тасодуфӣ” буд ва ӯро “дӯстон ба вазъияти ногувор оварданд”.
“Баъди кор бо даъвати дӯсти наздик каме рафтем, фикр мекардем ду-се дақиқа мешинем. Аммо навор гирифтаанд ва ба шабакаҳо паҳн карданд. Виҷдонам азоб дод, асабам тоб наовард ва худам рафта ариза навиштам”, — гуфт ӯ дар суҳбат бо журналистон.
Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки ҳеҷ гуна маблағ аз муаллимон ҷамъоварӣ нашудааст ва иддаоҳои садошуда дар наворро “бепоя” номид.
Директори мактаб: “Рафтанамонро танбеҳ доданд”
Лутфулло Давидов, директори мактаби №9-и ноҳияи Хуросон, ҳузурашро дар ин маркази дилхушӣ тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин танҳо “истироҳат” будааст ва ҳеҷ гуна таҷлили зодрӯз ё ҷамъоварии маблағ вуҷуд надошт.
“Рафтем истироҳат кунем. Баъд аз савол доданд, ки чаро рафтед. Гуфтем, ки рафтем — дигар чӣ мегӯӣ дар ин ҳолат. Танбеҳ доданд”, — изҳор дошт ӯ.
Мақомот тасдиқ карданд
Сарраёсати маорифи вилояти Хатлон истеъфои Қурбонзодаро тасдиқ намуда, гуфтанд, ки дархости барканорӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба вазорат ирсол шудааст. Дар ҳуҷҷат сабаби аз вазифа рафтан — “нақзи меъёрҳои қонуни танзими ҷашну маросим” — зикр шудааст.
Бо вуҷуди ин, худи Қурбонзода таҷлили зодрӯз ва истифодаи маблағи кормандонро рад кардааст.
Ҳодисаи беназир дар соҳаи маориф
Дар солҳои гузашта барканории масъулони маориф барои камбудиҳо ва иттиҳомҳои фасод ба қайд гирифта шуда буд, аммо ин аввалин ҳолатест, ки мудири маорифи як ноҳия барои ҳузур дар маркази дилхушӣ аз вазифа меравад.
Ин қазия дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густарда ба вуҷуд овард:
— бархе онро нишонаи “поксозии низом” мешуморанд,
— дигарон бошанд, чунин иқдомро “ифроти назорат ба зиндагии шахсии мансабдор” меноманд.
Ба ҷои хулоса
Ин ҳодиса саволҳои зиёдеро ба миён гузошт:
- Оё меъёрҳои ахлоқӣ барои мансабдорон дар Тоҷикистон шадидтар шуда истодаанд?
- Ё ин паёмест ба дигар роҳбарон, ки ҳар қадам таҳти назар аст?
Дар ҳар сурат, қазия нишон дод, ки ҳузури мансабдорон дар ҷойҳои фароғатӣ низ метавонад боис ба аз даст додани курсӣ шавад — ҳатто агар онҳо иддао кунанд, ки “танҳо чанд дақиқа” рафта буданд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

