Sunday, November 2, 2025
ADS
HomeТоҷикистонКуштори Саидаъзам Раҳмонов: боздошт барои риш, шиканҷа барои дарёфти 100 ҳазор доллар...

Куштори Саидаъзам Раҳмонов: боздошт барои риш, шиканҷа барои дарёфти 100 ҳазор доллар ва дафни махфӣ дар Душанбе

Саидаъзам Раҳмонов, ҷавони 29-солаи тоҷик, ки солҳои охир дар Гамбурги Олмон зиндагӣ мекард, рӯзи 6-уми октябри соли 2024 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт ва пас аз як ҳафта дар натиҷаи шиканҷа ба ҳалокат расонида шуд.

Саидаъзам, ки барои идома додани равандҳои ҳуҷҷатгузории раводиди оилавӣ аз Олмон ба Душанбе омада буд, рӯзи 6 октябр нияти парвоз ба Маскавро дошт. Ба нақли ҳамсуҳбати TajNews, ӯ бо худ 100 ҳазор доллар аз як бародари тоҷир аз Олмон ба Тоҷикистон оварда буд. Гуфта мешавад, ки касе ин пулро дар фурудгоҳи Душанбе бояд ба таври фаврӣ мегирифт.

Саидаъзам бо чипта ба толори фурудгоҳ ворид шуд, аммо дар назди назорат афроди либос-шахс, ки худро кормандони амният муаррифӣ карданд, ба ӯ наздик шуданд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд:

«Ман дидам, ки он нафарҳо удостоверение нишон доданд ва фаҳмидам, ки онҳо аз амнияти миллӣ ҳастанд. Онҳо Саидаъзамро ҷудо карда, ба самти дигар бурданд.»

Пас аз ин лаҳза телефон ва ҳар нишона аз Саидаъзам қатъ гардид. Шоҳид мегӯяд:

«Ман 100 фоиз бовар дорам, ки ин ҳодиса барои ҳамон 100 ҳазор доллар буд. Онҳо ӯро бурданд, то ин пулро гиранд. Ман мутмаин ҳастам, ки Саидаъзам онҳоро намешинохт ва амният ба ӯ фишор овардааст, то бигӯяд пулро ба куҷо дод.»

Дар ҳамон рӯз Саидаъзам ғайб зад. Ӯро бидуни ҳеҷ санади расмӣ ба бинои амният бурданд. Нахустин амалҳои мақомот — тафтиши манзили наздикону дӯстон — нишон дод, ки ӯ аллакай боздошт ва дар ҳабси ғайриқонунӣ қарор дошт. Субҳи рӯзи дигар кормандони амният ба хонаи хешовандон рейд гузаронда, яке аз наздиконро бурда то шаб зери шиканҷа қарор доданд, то ҷойи Муҳаммад — дӯсти Саидаъзам —ро пайдо кунанд. Ҳамаи ин бе ҳуҷҷат, бе эълон ва бе асоси қонунӣ сурат гирифт.

Саидаъзам танҳо барои риш доштан ҳадаф қарор гирифта буд. Ришаш, ки бештар аз се сантиметр набуд, ба баҳонаи «шубҳаноки мазҳабӣ» табдил дода шуд. Пас аз гирифтани телефон ва пайдо кардани наворҳои мазмуни динӣ, ӯро ба шиканҷаи пурхушунат кашиданд. Дар натиҷаи латукӯб, истифодаи барқ ва зарбаҳои марговар Саидаъзам ҷон дод.

Марги ӯ 8-уми октябр фаро расида буд. Аммо ҷасадро 5 рӯз нигоҳ доштанд, то сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе анҷом ёбад ва иттилоъ ба берун набарояд. Баъди анҷоми сафари ҳайати Русия, бегоҳи 13 октябр ҷасадро махфиёна оварда, худи кормандони амният шуста, кафан карда дафн карданд. Хешовандон наметавонистанд ҷасадро бубинанд, акс гиранд ё дар маросим иштирок кунанд. Ҳама маросимро худи кормандони амният анҷом доданд, то изи ҷиноятҳо пинҳон монад.

Манбаъҳо мегӯянд, ки дар ҷасади Саидаъзам нишонаҳои равшани куштори бераҳмона — шикастагӣ, сӯхтаҳои барқ ва латукӯб — дида мешуд. Ба наздикон таҳдид карданд, ки хомӯш бошанд ва ба расонаҳо иттилоъ надиҳанд.

Саидаъзам узви ҳеҷ гуруҳ ё ҳаракати сиёсӣ набуд. Ӯ ҷавоне буд, ки танҳо мехост ба Олмон баргардаду бо ҳамсараш зиндагии орому қонуниро идома диҳад. Бо вуҷуди ин, кормандони амният ӯро барои риши суннатӣ, барои мазҳабдорӣ ва бо сабаби тарс аз имони мардум ва нафрат ба озодии шаҳрвандон куштанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир сиёсати мубориза бо рамзҳои динӣ — риш ва ҳиҷоб — ба сатҳи саркӯб ва зӯроварии системавӣ расидааст. Қазияи Саидаъзам давоми ин сиёсатҳои зиддидинӣ ва зиддихалқӣ мебошад, ки таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов амалӣ мегардад. Ҳама медонанд: мисли садҳо ҳодисаи дигар, ҳеҷ мансабдори амният ҷазо нахоҳад дид.

Саидаъзам бо шиканҷаи бераҳмона кушта шуд. Ин фақат фоҷиаи як оила нест — ин огоҳист ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуқуқ, озодӣ ва ҳаёти инсон дар ин кишвар ҳеҷ арзише надорад, агар ҳокимият хостори саркӯб бошад.

Ҳоло хешовандони Саидаъзам таҳти назоратанд ва ба онҳо фишор меоранд, то хомӯш бошанд. Аммо сукут роҳро барои ҷиноятҳои нав боз мекунад. Милионҳо ҷавони тоҷик, дар дохил ва хориҷ, имрӯз мефаҳманд: гузашт бо қудрате, ки ҷиноят мекунад, маънои иҷозаи қатли навбатиро дорад.

TajNews идомаи ин таҳқиқотро пайгирӣ мекунад.
Ин танҳо оғози фош кардани сиёсати махфии амниятӣ дар кишвар аст.

📩 Агар шумо маълумоте дар ин бора ё дигар ҳодисаҳо доред — ба мо тавассути WhatsApp ё Telegram-бот муроҷиат кунед.
Мо зидди ҷиноят ва барои ҳақиқат ҳастем.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?