Гурӯҳҳои мухолифини тоҷик бо як номаи саркушода аз президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп хостаанд, ки масъалаи озодии зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро дар мулоқоти қарордодааш бо Эмомалӣ Раҳмон матраҳ кунад. Ин мулоқот рӯзи 6-уми ноябр бо ҳузури роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар муроҷиатнома, ки аз ҷониби Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон, созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон нашр шудааст, аз нақши Трамп дар мусоидат ба озодии зиндониёни сиёсӣ дар Беларус изҳори сипос шуда, ин иқдом намунаи роҳбарии глобалии ИМА дар ҳимояи озодиҳо ва ҳуқуқи инсон тавсиф гардидааст.
Талаботи асосии нома
Мухолифин аз Доналд Трамп даъват кардаанд, то дар мулоқоти пешомада бо Эмомалӣ Раҳмон:
- масъалаи фишор ва саркӯби сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кунад;
- талаб намояд, ки зиндониёни сиёсӣ фавран озод шаванд;
- ташкили муколамаи байналмилалӣ барои оғози раванди сиёсати фарогир ва осоиштаи миллӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.
Муаллифон навиштаанд, ки Тоҷикистон “дар ҳолати бӯҳрони амиқи сиёсӣ ва хафақони иҷтимоӣ қарор дорад” ва беш аз 8500 нафар ҳамчун маҳбусони сиёсӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ин шумора ба гуфтаи онҳо рӯзноманигорон, блогерон, ҳуқуқшиносон, фаъолони сиёсӣ, рӯҳониён ва хешовандони мухолифинро дар бар мегирад.
Дар нома таъкид шудааст, ки шиканҷа, нопадидшавии маҷбурӣ, маҳрумияти дастрасӣ ба табобат, таҳқир ва марг дар зиндон “ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст”.
Ҳушдор дар бораи паёмадҳо
Муаллифони нома ҳушдор додаанд, ки саркӯбҳои сиёсӣ метавонад ба радикализатсия мусоидат кунад ва амнияти минтақавиро зери хатар гузорад:
“Нодида гирифтани ин бӯҳрон метавонад боиси бесуботии Осиёи Марказӣ, авҷи экстремизм ва аз даст рафтани назорати стратегии минтақа гардад.”
Онҳо аз Трамп хостаанд, ки барои пуштибонӣ аз озодӣ ва адолат дар Тоҷикистон иқдом кунад:
“Садои Шумо метавонад ҳазорон ҷони бегуноҳро наҷот диҳад.”
Имзокунандагон
Ин муроҷиатнома аз ҷониби:
- Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон (Амстердам)
- Убайдулло Саидӣ, раиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” (Лондон)
- Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон (Париж)
имзо шудааст. Нома рӯзи 3 ноябри соли 2025 нашр гардидааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

