Wednesday, November 12, 2025
Место для Реклама!
HomeНомаҳо ба президентМан 34 сол ба фарзандони миллат хидмат кардам — имрӯз худам бе...

Ман 34 сол ба фарзандони миллат хидмат кардам — имрӯз худам бе хона мондам (Видео)

 

Дарди дили як муаллимаи тоҷик, ки пас аз 20 соли зиндагии қонунӣ дар манзилаш бо хонаводааш ба кӯча ронда шуд

Дар шаҳри Душанбе як муаллимаи собиқадор, Эсанова Наргис Маҳмадовна, ки беш аз 34 сол ба кӯдакон ва ояндаи Тоҷикистон хидмат кардааст, бо хонаводааш баъд аз ду даҳаи зиндагии қонунӣ дар манзили худ ба кӯча ронда шудааст.

Он чӣ ба гуфтаи хонавода рух додааст, на танҳо фоҷиаи шахсӣ, балки рамзи беадолатӣ ва поймол шудани ҳуқуқи шаҳрванд дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад.

Хонае, ки 20 сол пеш бо меҳнати ҳалол харида шуд

Соли 2005, Зариф Гадоев ва ҳамсараш Наргис Эсанова манзили худро дар кӯчаи Шевченко 111 (ҳоло кӯчаи С. Абдуллоев), хона 21 қонунӣ харидорӣ намудаанд. Дар ин хона онҳо 20 сол зиндагӣ карданд, фарзандон ба воя расиданд, андозҳо сари вақт супурда шуданд, таъмиру хизматрасонӣ мунтазам анҷом меёфт.

Аммо ба ин манзил шаҳрванди Русия — Ҷамиля Шамсуновна Султонгулова даъво пешниҳод намуд. Ба гуфтаи оила, ин шахс тақрибан 20 сол боз дар Тоҷикистон ҳузур надошт, вале суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо вуҷуди ҳамаи ҳуҷҷатҳои қонунӣ, қарор ба фоидаи ӯ баровард.

Қарори Суди Олӣ бекор шуд — вале суди поёнӣ боз ҳамонро такрор кард

Соли 2022 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суди шаҳри Душанбе ин ҳалномаро ғайриқонунӣ дониста, ҳуқуқи хонаводаи Гадоев — Эсановаро барқарор карданд.
Ҳатто Прокуратураи генералӣ бо эътирози расмӣ хулосаи суди ноҳияи Исмоили Сомониро ғайриқонунӣ донист.

Бо вуҷуди ин, 28 октябри соли 2024, ҳамон суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз ҳамон ҳалномаро баровард — ба фоидаи шаҳрванди хориҷӣ.
Баъдан, 6 майи соли 2025, коллегияи суди шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми раиси суд Қурбонзода Каминахон, ин қарорро тасдиқ кард.

Дар муроҷиати оила омадааст:

“Онҳо на далелҳои моро шуниданд, на шоҳидонро пурсиданд, на парвандаро омӯхтанд — танҳо суханони намояндаи даъвогарро қабул карданд ва моро, ки 20 сол соҳиби қонунӣ ҳастем, ғасбкор номиданд.”

«Мо дар кӯчаем — бе хона, бе ғизо, бе телефон»

Эсанова Наргис, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар яке аз мактабҳои Душанбе аст, мегӯяд:

“Ман 34 сол аст, ки ба фарзандони ин миллат менависам — чӣ тавр навиштан, хондан, ростгӯ будан. Аммо имрӯз, вақте ҳаққи худро талаб мекунам, моро латукӯб мекунанд, таҳқир мекунанд, ва аз хонаи худамон берун мекунанд. Мо бе хона, бе ғизо ва бе умед мондем.”

Ӯ афзуд, ки ҳангоми иҷрои ҳалнома:

  • писараш Давронов А. латукӯб ва телефони ӯ гирифта шудааст,
  • духтари ноболиғаш иҷозат надидааст, ки вориди хона шавад ва гурбаи худро бигирад,
  • падари 88-солааш бо зӯр аз хона берун андохта шудааст,
  • ва моликияти хона вайрон ва ғорат шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи онҳо, дар манзилашон “шахсони бегона” зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳамаи қарорҳои болоӣ ба фоидаи худи онҳо мебошанд.

Муроҷиат ба мақомоти олии кишвар

Зариф Гадоев ва Наргис Эсанова дар муроҷиати кушоди худ ба роҳбарияти олӣ —
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,
Раиси Суди Олӣ Мирзозода Рустам
ва Прокурори генералӣ Воҳидзода Ҳабибулло,
дархост кардаанд, ки ба ин қазия дахолат кунанд:

“Мо хонаводаи оддӣ ҳастем — на мансаб дорем, на пуштибон. Мо танҳо мехоҳем дар хонаи худ зиндагӣ кунем. Ин қарор поймол кардани Конститутсия ва беэҳтиромӣ ба қонун аст.”

Онҳо мегӯянд, ки тамоми умр бо меҳнати ҳалол зистаанд, андоз додаанд, хидмат кардаанд — вале имрӯз “на адолат ҳаст, на ҳимоя”.

«Имрӯз ба сари мо омад — фардо метавонад ба сари ҳар яки шумо биояд»

Дар муроҷиати худ онҳо аз ҷомеа низ кумак мехоҳанд:

“Агар мо хомӯш бошем, фардо ҳар як шаҳрванди оддӣ метавонад қурбонии беадолатӣ гардад. Илтимос, садои моро расонед, паҳн кунед, то ки ин беинсофӣ боздошта шавад.”

Эсанова Наргис Маҳмадовна — муаллимаи синфҳои ибтидоӣ бо 34 соли собиқаи педагогӣ,
ҳамроҳи шавҳараш Зариф Гадоев,
фарзандонашон — писар ва духтари ноболиғ,
ҳоло дар шаҳри Душанбе бе манзил мондаанд.

Барои тамос:
+992 502-13-24-45
+992 917-30-07-67

TajNews.org
Матни ин мақола бар асоси ҳуҷҷатҳои расмии судӣ, шикояти назоратӣ ва муроҷиати кушодаи Эсанова Наргис ва Зариф Гадоев омода шудааст.
TajNews омода аст мавқеи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мақомоти дахлдорро низ пас аз дастрас шудан нашр намояд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?