Пожертвовать
9.5 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойСиёсатТаҳрим ва баҳсҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон: Радди САҲА ва сукутии мухолифон

    Таҳрим ва баҳсҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон: Радди САҲА ва сукутии мухолифон

    Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, ки қароргоҳаш дар Ҳолланд аст, интихоботи порлумонии Тоҷикистонро «раванди сохташуда» номида, онро бойкот эълон кард. Раиси ҷунбиш Шарофиддин Гадоев таъкид кард, ки ин маърака танҳо барои қонунӣ гардонидани ҳокимияти худкома аст:

    «Интихоботе, ки бе рақобати воқеӣ, таҳти сензура ва бо саркӯби озодиҳои шаҳрвандӣ баргузор мешавад, наметавонад қонунӣ ҳисобида шавад».

    САҲА ва интихоботи Тоҷикистон: Радди пайдарпай

    САҲА дар гузоришҳои қаблии худ интихоботи соли 2020-ро низ ғайришаффоф ва дур аз меъёрҳои байналмилалӣ номида буд. Ин созмон пайваста набудани шароит барои рақобати сиёсӣ, фишор ба расонаҳо ва мухолифон ва сензураи васеъ-ро таъкид кардааст.

    Сукут ва номуайянии мавқеи дигар мухолифон

    Бо вуҷуди баҳсҳои доғ, то ҳол Гурӯҳи 24, Паймони Миллии Тоҷикистон, Ҳаракати ҷавонони тоҷик барои Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои мухолифин на мавқеи ҷонибдорӣ ва на изҳори раддият нисбат ба интихоботи имсола нишон надодаанд. Ин сукут саволҳои ҷиддиро ба миён меорад: Оё онҳо ба интихоботи сохташуда розӣ ҳастанд ё ҳукумати Раҳмонро дастгирӣ мекунанд?

    Ин сукут боис ба интиқод шудааст. Бисёре аз фаъолон изҳор мекунанд, ки бепарвоии мухолифон ва набудани мавқеи мушаххас танҳо ба манфиати ҳукумати амалкунанда мебошад. Онҳо таъкид мекунанд, ки садои мухолиф бояд равшан, мустақил ва таъсиргузор бошад, на танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки дар амалҳои воқеӣ.

    Қудрати ҳизби ҳоким ва набудани рақобат

    — Интихоботи имсола рӯзи 2 марти 2025 баргузор мешавад. — Танҳо Ҳизби сотсиал-демократ аз пешниҳоди номзад худдорӣ кард. — Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад, бо пуштибонии ҳизбҳои дигар пешсаф аст.

    Фишор ба мухолифон: намунаи Усмонзода

    Ягона вакили Ҳизби демократ, Саидҷаъфар Усмонзода, бо иттиҳоми «талош барои табаддулоти давлатӣ« ба 27 соли зиндон маҳкум шуд. Ин ҳодиса як намунаи равшани саркӯби ҳар гуна мухолифат мебошад.


    TajNews.org ҷомеаро даъват мекунад, ки аз шаффофият ва адолати интихоботҳо дифоъ кунанд ва барои ба вуҷуд овардани фазои воқеии демократӣ саҳм гузоранд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!