Thursday, November 13, 2025
Место для Реклама!
HomeСиёсатТалоши бесамари Раҳмон барои транзити қудрат дар Тоҷикистон

Талоши бесамари Раҳмон барои транзити қудрат дар Тоҷикистон

Тибқи чанд манбаи боэътимод, дар ҷараёни сафари ҳайати Русия ба Тоҷикистон (8–10 октябр), баъд аз қисмати расмӣ рӯзҳои 11–12 октябр музокироти ғайрирасмӣ баргузор шудаанд. Дар ин нишастҳо, Эмомалӣ Раҳмон талош кардааст Владимир Путинро розӣ кунад, то ба гузаштани қудрат ба писараш — Рустами Эмомалӣ — мувофиқат намояд. Раҳмон таъкид кардааст, ки бо истифода аз мақоми конститутсионии «пешвои миллат», «ососгузори сулҳу ваҳдат» ва «кафили Конститутсия» метавонад пас аз таъйин шудани Рустам ба мақоми президентӣ низ назоратро бар низоми сиёсӣ нигоҳ дорад ва қудрати ӯро ҳимоя кунад. Бо ин роҳ Раҳмон мехост пайвастагии режими худ ва идомаи сиёсати прорусии Тоҷикистонро баъди маргаш таъмин намояд.

Аммо Путин ин сенарияро напазируфт ва ягон алтернатива пешниҳод накард. Ба гуфтаи манбаъҳо, дар Кремл Рустами Эмомалӣ шахси баэътимод ҳисобида намешавад ва сиёсати ӯро «ғайриқобили пешбинӣ» меҳисобанд. Ба ҳамин далел, Русия манфиатдор аст, ки Эмомалӣ Раҳмон то охир дар қудрат боқӣ монад. Дар ҷараёни сафар Путин аз мулоқоти инфиродӣ бо Рустам худдорӣ кард ва танҳо дар доираи шиносоии протоколӣ, дар ҳузури аъзои ду ҳайат, бо ӯ даст додааст. Ин раванд муносибати сарди Кремлро ба ғояи меросгузории династӣ нишон дод — равандеро, ки метавонад боиси ноустувории режим гардад, бахусус дар шароите ки Русия бо ҷанги таҳҷорӣ зидди Украина ба марҳалаи осебпазирии ҷиддӣ расидааст ва дигар қодир нест кафолати ҳимояи режим ё ворисияти онро таъмин кунад.

Дар дохили худи режими Раҳмон низ рақобатҳо ва ихтилофҳои ҷиддӣ миёни гурӯҳҳои элита ва сохторҳои қудратӣ афзудааст. Қисме аз симоҳои таъсиргузор аз сенарияи ба Рустам гузаштани қудрат ҷонибдорӣ намекунанд, зеро аз аз даст додани мавқеъ ва тақсимоти нави манбаъҳои молӣ нигаронанд. Ин ихтилофоти дохилӣ низоми ҳокимро ноустувортар мекунад ва кӯшиши транзити қудрат метавонад сабаби буҳрони сиёсӣ гардад.

Ҳамзамон, Маскав Тоҷикистонро ҳамчун маркази стратегии даврзании таҳримҳои байналмилалӣ ва абзори фишорҳои геополитикӣ истифода мебарад. Иқтисоди Тоҷикистон ба Русия сахт вобаста аст: қарзҳо, таъминоти сӯзишворӣ ва маблағҳои муҳоҷирон солҳо боз пояи асосии пойдории режими Раҳмонанд. Ин вобастагӣ ба Кремл фишангҳои бузурги таъсир мебахшад ва Тоҷикистонро ба вассали иқтисодии Русия табдил додааст.

Кремл ҳарчи бештар талош дорад бо ҳар роҳ дар қудрат нигоҳ доштани Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кунад, чун ӯро гарави нуфузи Русия дар Тоҷикистон медонад. Вале дар миёни насли ҷавони кишвар рӯҳияи зиддирусӣ босуръат боло меравад. Бештари шаҳрвандон дарк мекунанд, ки идомаи диктатураи Раҳмон кафолати субот нест, балки роҳи мустақим ба фалокати миллӣ ва аз даст рафтани истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Барои таҳкими нуфуз ва ҳифзи режими Раҳмон, Кремл ҳамкории сохторҳои қудратиро ба сатҳи расмӣ баровард. Путин ва Эмомалӣ Раҳмон созишномаи таъсиси намояндагиҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ — Русия дар Душанбе ва Тоҷикистон дар Маскав — ро имзо карданд. Рӯйи коғаз санад танҳо ба мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ рабт дорад, аммо дар амал ба таҳкими назорати Маскав бар диаспораи тоҷик ва сиёсатҳои дохилии кишвар нигаронда шудааст.

Ин созишнома асоси ҳуқуқӣ барои ҳузури хадамоти вижаи Русия (ФСБ ва ГРУ) дар Тоҷикистонро таҳти ниқоби ВКД-и Русия фароҳам меорад ва ҳамкориҳои онҳоро бо мақомоти амниятии кишвар амиқтар мекунад. Кремл ба ин васила имкони бештар барои фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина ба даст меорад ва нуфузи худро ба сиёсати Душанбе тақвият мебахшад.

Дар як соли охир, то имзои ин созиш, шумори афсарони ФСБ ва ГРУ дар Тоҷикистон, ки расман ба пойгоҳи 201-ум вобаста карда мешаванд, зиёд шудааст. Созишномаи нав фаъолияти ҷалбкунанда ва фишоровари онҳоро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон қонунӣ гардонд ва ба онҳо ваколатҳои васеъ дод — аз ҷумла эминӣ аз ҷавобгарӣ зери пардаи дахлнопазирии дипломатӣ.

Барои режими Раҳмон, ин созиш дастгоҳи иловагӣ барои назорат ва фишор болои муҳоҷирон ва мухолифон гардид. Он фазои тарсро миёни диаспораи тоҷик дар Русия тақвият медиҳад ва имкони саркӯби фаъолонро дар хориҷ осонтар месозад.

Инчунин, тиҷорати маводи мухаддир, ки пурра зери назорати оилаи Раҳмон қарор дорад, барои хадамоти махсуси Русия низ фоидаи сиёсӣ ва молиявӣ меорад ва ба унсури вобастагии мутақобилаи онҳо табдил ёфтааст.

Рӯз аз рӯз возеҳтар мешавад, ки танҳо мардум дар дохили кишвар ва муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ метавонанд қувваи асосии тағйироти оянда шаванд.

Имрӯз Раҳмон таҳти идораи пурраи Путин қарор дорад. Пойгоҳи низомии Русия ҳамагӣ 10 километр аз қароргоҳи ӯ ҷойгир аст ва ин рамзи вобастагии комили Душанбе аз Кремл мебошад. Зиёда аз 34 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон президенти худро интихоб намекунад — ӯро Маскав таъин мекунад.

Режими кунунии Тоҷикистон ҳукумате мустақил нест — балки як шакли ҳокимияти ишғолӣ аз сӯи Русия буда, ба амнияти миллӣ ва ояндаи давлати тоҷик таҳдиди ҷиддӣ дорад.

Шарофиддин Гадоев
Раиси Ҷунбиши ислоҳ ва рушди Тоҷикистон

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?