Ҷунбиши Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ба ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Маҷмааи Умумии СММ, ки пешниҳоди эълон шудани соли оянда ҳамчун “Соли байналмилалии огоҳии ҳуқуқӣ”-ро матраҳ намуд, бо як баёнияи расмӣ вокуниш нишон дод.
Дар баёния гуфта мешавад, ки ин ташаббус ба воқеияти дохилии кишвар мувофиқат намекунад ва танҳо як талоши сиёсии зоҳиран зебо барои ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки пешниҳоди мазкур дар ҳолест, ки вазъияти ҳуқуқи инсон дар дохили кишвар рӯз ба рӯз бадтар шуда истодааст.
Соли огоҳии ҳуқуқӣ бо вазъияти воқеии кишвар мутобиқат надорад
Дар баёния таъкид мешавад, ки садҳо шаҳрванд бо айбҳои сиёсӣ ба солҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд, даҳҳо вакилони дифоъ бо иттиҳомҳои сохта боздошт мегарданд ва озодии баён қариб аз байн бурда шудааст.
Ин нуқта аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ низ тасдиқ мешавад. Human Rights Watch дар гузориши охирини худ ба афзоиши фишор ба адвокатҳо ва рӯзноманигорон ишора мекунад. Amnesty International низ аз саркӯби озодии баён ва парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ хабар медиҳад. Вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ дар маҳбасҳоро қайд кардааст.
Пайгирии мухолифон ва истифодаи сохторҳои байналмилалӣ барои фишор
Ҷунбиши Ислоҳотхоҳон мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба таври мунтазам аз созишномаҳои амниятӣ ва механизми Интерпол барои дастгир ва истирдод намудани мухолифон аз Русия, Туркия, Белорус ва дигар кишварҳо истифода мебарад.
Ин иддао аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ низ дастгирӣ меёбад. FIDH, Fair Trials ва чанд созмони дигари ҳуқуқӣ борҳо аз истифодаи нодурусти огоҳиҳои интерполӣ аз ҷониби Тоҷикистон барои таъқиби сиёсӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар як қатор ҳисоботҳо Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳое номбар мешавад, ки аз Интерпол бештар бо ҳадафҳои сиёсӣ истифода мебарад.
Вазъи муҳоҷирон ва набудани ҳимоя аз ҷониби ҳукумат
Дар баёния гуфта мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо таҳқир, хушунат, боздоштҳои худсарона ва муносибати ғайриинсонӣ рӯбарӯ мешаванд, аммо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳеҷ гуна кӯмаки муассир намерасонанд.
Ин ҳолат дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ низ инъикос шудааст. Марказҳои мустақили ҳуқуқи инсон ва гурӯҳҳои муҳоҷиратӣ даҳҳо ҳолатҳои марг ва бадрафториро дар боздоштгоҳҳои Русия сабт кардаанд. Созмонҳои байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба чунин ҳодисаҳо кам посух медиҳанд ва амалан сиёсати ҳимояи шаҳрвандони худро надоранд.
Қонун танҳо нисбат ба шаҳрвандони оддӣ татбиқ мешавад
Ҷунбиши Ислоҳотхоҳон изҳор мекунад, ки гурӯҳҳои наздик ба ҳокимият аз ҷавобгарӣ озоданд, дороиҳои калидии кишвар зери назорати онҳо қарор дорад ва низоми ҳуқуқӣ танҳо нисбат ба мардум сахт аст.
Ин арзёбӣ дар рейтингҳои байналмилалӣ низ ҷой дорад. Transparency International Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои дорои сатҳи баланди коррупсия дохил мекунад, ва созмонҳои таҳлилӣ вобастагии додгоҳҳо аз ҳокимиятро тасдиқ менамоянд.
Воқеияти иҷтимоӣ: камбуди барқ, фишор ва зиндонии мардум
Дар баёния омадааст, ки дар бисёр минтақаҳои кишвар ҳазорҳо хонавода ҳар рӯз бо қатъи нерӯи барқ ва газ рӯбарӯ мешаванд, аммо дар арсаи байналмилалӣ влаcт ба ҷомеа тасвири субот ва пешрафтро нишон медиҳад.
Ин мушкил аз тарафи марказҳои байналмилалии таҳқиқоти энергетикӣ низ тасдиқ шудааст, ки ба камбуди доимии нерӯи барқ, бахусус дар фасли зимистон ишора мекунанд.
Ҷунбиши Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки Тоҷикистон воқеан ба пешрафти ҳуқуқи инсон, озодии вакилони дифоъ ва рӯзноманигорон, раҳоии зиндониёни сиёсӣ ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ниёз дорад.
Дар баёния гуфта мешавад, ки эълони “Соли огоҳии ҳуқуқӣ” дар минбари байналмилалӣ ҳеҷ яке аз мушкилоти дохилиро ҳал намекунад ва бештар талоши сохтани тасвири зоҳирии мусбат барои хориҷ мебошад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

