Пожертвовать
12.2 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойЧеҳраҳоБоздошти Идибеки Мардон дар вилояти Хатлон: Таъйиди расмӣ нест, гумонзаниҳо зиёданд

    Боздошти Идибеки Мардон дар вилояти Хатлон: Таъйиди расмӣ нест, гумонзаниҳо зиёданд

    Идибеки Мардон, маъруф ба “Идибеки Бохтарӣ”, ки ҳамчун таблиғгари фаъоли сиёсати ҳукумат шинохта мешуд, аз ҷониби мақомот дар вилояти Хатлон боздошт шудааст. Ин хабарро блогери дигар — Аюб Исҳоқов дар саҳифаи YouTube-и худ нашр намуда, аз мақомот барои амали худ изҳори сипос кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Мардон як ҳафта боз дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар қарор дорад.

    Мавқеи расмӣ то ҳол норӯшан аст

    Бо вуҷуди изҳороти Исҳоқов, мақомоти расмӣ то кунун боздошти Идибеки Мардон-ро на таъйид ва на рад кардаанд. Ҳамзамон, дар саҳифаи YouTube-и Идибеки Бохтарӣ низ тайи як ҳафта ҳеҷ навори нав нашр нашудааст. Маълум нест, ӯ кай ва чӣ гуна аз Русия ба Тоҷикистон баргаштааст.

    Қабл аз боздошт: низоъ бо мақомот ва изҳороти баҳсбарангез

    Чанд моҳ қабл Идибеки Мардон, ки бо мавқеи зидди мухолифин ва пуштибонии ошкоро аз ҳукумат маъруф буд, дар як навори эҳсосӣ бо чашмони гирён аз фишорҳои мақомдорони маҳаллӣ шикоят кард ва кишварро тарк намуд. Ӯ махсусан Абдулмаҷид Мӯминзода, раиси шаҳри Бохтарро ба фишор ва маҷбур сохтани худ ба тарки Ватан муттаҳам намуд.

    Даргирӣ бо шаҳрдори Бохтар

    Дар навори дигараш, Мардон шаҳрдори Бохтарро ба фасод муттаҳам намуда, изҳор дошт, ки маълумоти зиёде дар бораи амалҳои ғайриқонунии мансабдорон дорад ва омода аст дар ҳолати зарурӣ онҳоро нашр кунад.

    То ҳол сарнавишти Идибеки Мардон ва ҷузъиёти ҳуқуқии парвандааш номаълум боқӣ мемонад. Мақомот бояд бо изҳороти расмӣ вазъро равшан созанд. Ин қазия бори дигар баҳсҳоро дар атрофи муносибати блогерон ва мақомоти давлатӣ бармало мекунад.

    TajNews.org вазъро пайгирӣ хоҳад кард ва хонандагонро аз навигариҳои ин қазия бохабар месозад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!