Ҷанги Украина солҳост, ки танҳо ҷабҳа нест — он ба сарнавишти садҳо муҳоҷир ва шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ табдил ёфтааст. Яке аз чунин сарнавиштҳо — Комрон Саидов, маъруф бо лақаби «Коля Тоҷик» аст, ки ахиран хабари кушта шуданаш дар ҷанги Украина ва дафнаш дар Ҳисор расонаӣ гардид.
Ин танҳо як қазияи ҷудогона нест. Ин — идомаи силсилаи маргҳост, ки TajNews дар моҳҳои охир пайваста аз онҳо хабар медиҳад.
Кӣ буд «Коля Тоҷик»?
Комрон Саидов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун блогер ва шахси баҳсбарангез миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия шинохта мешуд. Аммо сарнавишти ӯ танҳо ба блогерӣ хотима наёфт.
Моҳи октябри соли 2023 Комрон Саидов дар Русия бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ (вымогательство) боздошт шудааст. Дӯстону атрофиёнаш он замон изҳор дошта буданд, ки ӯ қасдан “подставка” шудааст ва парванда хусусияти сиёсӣ ё фармоишӣ дорад.
Баъд аз он, номи Саидов аз фазои иттилоотӣ қариб нопадид шуд.
Марг дар ҷанг: иттилооти кам, суолҳои зиёд
Тибқи иттилои расонаи тоҷикии, Комрон Саидов дар ҷанги Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯ баъдан ба Тоҷикистон оварда шуда, дар шаҳри Ҳисор ба хок супурда шудааст.
Аммо ҷузъиёти калидӣ то ҳол номаълум боқӣ мемонанд:
- ӯ бо кадом асос ба ҷанг рафт?
- маҳбус буд ё аллакай озод?
- ихтиёрӣ ё маҷбурӣ?
- дар кадом минтақа ва кай кушта шуд?
На мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон то имрӯз ягон изҳороти расмӣ дар бораи ин қазия нашр накардаанд.
Ин аввалин ҳолат нест: TajNews қаблан ҳам ҳушдор дода буд
TajNews қаблан борҳо аз кушта шудани шаҳрвандон ва зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина хабар дода буд. Аз ҷумла:
- Тоҷикҳо дар ҷанги Украина: чӣ гуна муҳоҷирон ва маҳбусони Тоҷикистон ба артишии Русия ҷалб мешаванд;
- Фишори нав ба маҳбусони тоҷик дар зиндони рақами 26-и Волгоград барои фиристодан ба ҷанги Украина;
- Муҳоҷири тоҷик дар ҷанги Украина: таблиғи хатарноки миллатгароёни рус.
(Маҷмӯи ин маводҳоро метавонед дар бахши махсуси TajNews оид ба ҷанги Украина мутолиа кунед.)
«Хочу жить»: рақамҳое, ки тарс меоранд
Лоиҳаи украинӣ «Хочу жить», ки рӯйхати кушташудагонро ҷамъоварӣ мекунад, борҳо иттилоъ додааст, ки садҳо шаҳрванди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ҳайати нерӯҳои Русия дар ҷанги Украина ҳалок шудаанд.
Тибқи маълумоти охирини ин лоиҳа, шумораи кушташудагони зодаи Тоҷикистон даҳҳо нафарро ташкил медиҳад, ва ин танҳо ҳолатҳои тасдиқшудаанд — на ҳамаи онҳо.
ҳушдори Гадоев
Раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев борҳо ҷанги Украинаро ҷанги бегона барои тоҷикон номида, таъкид кардааст, ки:
муҳоҷирон ва шаҳрвандони Тоҷикистон набояд қурбонии манфиатҳои геополитикии давлатҳои дигар гарданд.
Ӯ аз мақомоти Тоҷикистон даъват карда буд, ки дар бораи сарнавишти шаҳрвандонаш дар ин ҷанг мавқеи равшан ва фаъол дошта бошанд.
Аммо то имрӯз чунин мавқеи равшан дида намешавад.
як ном — садҳо сарнавишт
Марги Комрон Саидов — «Коля Тоҷик» — танҳо як ном дар рӯйхат нест. Ин як қиссаи дигар аз силсилаи сарнавиштҳои шикаста аст:
боздошт → нопадидшавӣ → ҷанг → марг → сукут.
То замоне ки саволҳо беҷавоб мемонанд, ин рӯйхат дарозтар хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

