Ба иттилои расида аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин аз манбаъҳои мо дар дохили кишвар, ки бо далелҳои амниятӣ нахостанд номашон фош шавад, хабари марги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст.
Тибқи иттилои дастрас, дар соатҳои ахир вазъи саломатии раҳбари кишвар ба таври ногаҳонӣ ва шадид бад шуда, бо вуҷуди талошҳои чандсоатаи пизишкон, ҷони ӯро наҷот дода натавонистаанд. Манбаъҳои огоҳ мегӯянд, ки мақомоти баландпоя аллакай аз ин рӯйдод хабардор шуда, ҷаласаҳои фавқулода баргузор гардида истодаанд.
Ҳарчанд то ин лаҳза мақомоти расмӣ ва телевизиони давлатӣ изҳороти расмӣ пахш накардаанд, мувофиқ омадани иттилоъ аз чанд манбаи мустақил ба мо асос медиҳад, ки ин хабарро бо итминон нашр намоем.
Дар фазои маҷозӣ низ аломатҳои ғайримуқаррарӣ мушоҳида мешаванд: қатъ шудани барномаҳои маъмулӣ, ҳаракатҳои афзудаи сохторҳои давлатӣ ва овозаҳо дар бораи омодагӣ ба маросимҳои мотам. Ин ҳама аз як рӯйдоди фавқулода ва сарнавиштсоз дарак медиҳад.
Мо ин хабарро бо андӯҳи амиқ қабул мекунем. Новобаста аз баҳсҳо, ихтилофҳои сиёсӣ ва арзёбиҳои гуногун, марги раҳбари кишвар барои ҳар миллат як зарбаи равонӣ ва лаҳзаи ҳассос мебошад. Тоҷикистон имрӯз дар остонаи як марҳилаи номуайян қарор мегирад, ки дар он оромӣ, худдорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти вижа касб мекунанд.
Мо вазъиятро пайгирӣ намуда, бо пайдо шудани иттилои расмӣ хонандагонро огоҳ хоҳем кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

