Tuesday, February 10, 2026
Место для Реклама!
HomeТоҷикистонПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рухсатӣ аст: чӣ маълум аст

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рухсатӣ аст: чӣ маълум аст

Тавре ки ба хонандагон ваъда дода будем, пайгирии ин мавзӯъро идома дода, маълумоти навро пешниҳод мекунем.

Президенти Тоҷикистон , ки солҳо номи ӯ ва симояш қариб ҳар рӯз дар хабарҳо — ҳангоми ифтитоҳи роҳу корхонаҳо, мактабу кӯдакистонҳо, шинондани дарахтон, боздиди боғҳо, баргузории ҷаласаҳои ҳукумат ва имзои қонунҳо, фармонҳо ва қарорҳо — нашру пахш мешуд, қариб ду ҳафта боз дар мазҳари ом дида намешавад.

Охирин аксе, ки дар сомонаи расмии президенти кишвар аз Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст, ба 28 январи соли 2026 рост меояд. Дар он машварати корӣ бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ инъикос ёфтааст.

Аз он замон инҷониб дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар бораи макон ва вазъи саломатии сарвари давлат шарҳи расмӣ намедиҳад. Набудани иттилои расмӣ боиси афзоиши овозаҳо ва гумонзаниҳо шудааст. Бархе намояндагони мухолифон эҳтимол медиҳанд, ки президент бемор буда, зери назорати пизишкон қарор дорад.

Омили дигаре, ки ба ин баҳсҳо доман зад, нашри акси 6 феврал-и , писари калонии президент ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин акс роҳбарони се вилоят дар назди ӯ рост истодаанд, ки аз ҷониби бархе нозирон ҳамчун ишораи рамзӣ арзёбӣ шуд. Ҳамчунин, нашри суханони пандомӯзи ӯ дар саҳифаи расмиаш дар Facebook рӯзи 9 феврал («Номи падару модарро фарзанд ҷовидон мекунад, агар тарбия карда бошем») гумонзаниҳоро дар бораи вазъи президенти кишвар бештар кард.

Бархе расонаҳои Тоҷикистон 10 феврал бо такя ба се манбаи беном хабар доданд, ки Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи январ бо ҳадафи табобат кишварро тарк кардааст ва ба гуфтаи ин манбаъҳо, ӯ дар вазъи интиқодии саломатӣ қарор дорад. Ҳамчунин иддао мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба ҳолати омодабош («казарма») гузаронида шудаанд ва эҳтимол ин вазъият то 12 феврал идома ёбад. Тасдиқи расмии ин иттилоъ вуҷуд надорад, аммо ба гуфтаи шоҳидон, дар шаҳри Душанбе чораҳои амниятӣ тақвият ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи боэътимоди Радиои Озодӣ, ки ба ҳукумати Тоҷикистон наздик аст, рӯзи 10 феврал бо шарти фош нашудани номаш гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рухсатӣ қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, президент барои табобат ба ҷазираи Ҳайнани Чин сафар кардааст. Манбаи дигари Радиои Озодӣ афзуд, ки президент рӯзи 8 феврал ба Чин парвоз намудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамагӣ як моҳ пеш президенти Қазоқистон дар мусоҳибааш, зимни сухан дар бораи вазъи саломатии раҳбарони бархе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки Эмомалӣ Раҳмон «аз саломатӣ шикоят надорад».

Ин бори аввал нест, ки президент барои муддате аз саҳнаи умум дур мемонад. Соли 2020 мухолифон иддао карда буданд, ки ӯ бемор шуда, гӯё барои табобат дар Олмон қарор дорад, аммо мақомот ин хабарҳоро рад карданд. Соли 2022, баъд аз шиддат гирифтани даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон низ тақрибан ду ҳафта дар мазҳари ом дида нашуда буд. Ҳамчунин соли 2017 чунин овозаҳо паҳн шуда буданд, ки расонаҳои наздик ба ҳукумат онро ба серкории президент рабт доданд.

Эмомалӣ Раҳмон 74-сола аст. Ӯ аз соли 1994 вазифаи президенти Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Пеш аз он раиси Шӯрои олӣ ва амалан раҳбари кишвар буд. Дар давраи раҳбарии ӯ чанд маротиба ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид гардида, имкони иштирок дар интихобот ва тамдиди ҳузураш дар қудрат фароҳам шудааст.

Дар солҳои президентии ӯ, ба гуфтаи мухолифон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, бисёре аз рақибони сиёсӣ маҷбур ба тарки кишвар шудаанд, бархе зиндонӣ гардидаанд ё дар шароити номаълум ҷони худро аз даст додаанд. Дар таблиғоти расмӣ президенти феълӣ ҳамчун меъмори асосии тамоми дастовардҳои кишвар муаррифӣ мешавад. Фарзандон, домодҳо ва дигар наздикони ӯ дар мансабҳои баландпояи давлатӣ ё дар бахшҳои калидии тиҷорат фаъолият доранд.

То ба ҳол тасдиқи расмии маълумот дар бораи вазъи саломатии президент дар даст нест. Вазъият ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи дохилӣ ва нозирони хориҷӣ қарор дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular