Дар пасманзари набудани иттилооти расмӣ дар бораи вазъи саломатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , фазои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба марҳилаи ҳассос ворид шудааст. Ҳамзамон бо паҳн шудани овозаҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои расмӣ мавҷи дуъо ва изҳори дастгирӣ ба назар мерасад.
Фазои шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои расмӣ
Дар рӯзҳои охир саҳифаҳои расмии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла «Паёми Суғд», инчунин саҳифаҳои вобаста ба дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва дигар минтақаҳо паёмҳои дуъо ва орзуҳои шифои ҳарчи зудтари сарвари давлатро нашр мекунанд. Дар ин паёмҳо шаҳрвандон ба оромӣ ва ваҳдат даъват шуда, барои саломатии президент дуо хонда мешавад.
Манбаи мо, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, имрӯз дар бархе масоҷиди кишвар пас аз намоз барои шифо ва сиҳатии Пешвои миллат дуъоҳои дастҷамъона баргузор гардид. Ба гуфтаи ин манбаъ, ташаббус бештар хусусияти ихтиёрӣ дошта, аз ҷониби имомхатибон ва намозгузорон пешниҳод шудааст.
Иттилооти ғайрирасмӣ ва вокуниши расонаҳо
Ҳамзамон, саҳифаи маъруфи “Pamir Insider” бо такя ба манбаъҳои худ иддао кардааст, ки вазъи саломатии сарвари давлат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, баъзе сохторҳои давлатӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ҷузъиёти мушаххас дар ин бора пешниҳод нашудааст.
Бархе расонаҳои арабӣ низ бо истинод ба тағйири фазои барномаҳои телевизиони давлатӣ — аз ҷумла пахши мусиқиҳои ғамангин ва истифодаи аксҳои расмӣ дар заминаи тира — ба эҳтимоли мавҷудияти вазъияти ғайримуқаррарӣ ишора кардаанд. Аммо то ин лаҳза ҳеч ниҳоди расмии Тоҷикистон чунин таҳлилҳоро тасдиқ ё рад накардааст.
Пайгирии парвозҳо ва фарзияҳо
Тибқи маълумоте, ки дар шабакаҳои байналмилалии пайгирии парвозҳо нашр шудааст, ҳавопаймое, ки ба сохторҳои давлатии Тоҷикистон тааллуқ дорад, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе ворид гардидааст. Бархе корбарон ин парвозро ба сафари эҳтимолии табобатии Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд. Пештар манбаи наздик ба ҳукумат изҳор дошта буд, ки президент барои табобат ба ҷазираи Ҳайнани Чин сафар кардааст.
Бо вуҷуди ин, мақомот то ҳол дар бораи макони будубош ва вазъи дақиқи саломатии президент шарҳи расмӣ надодаанд.
Ин бори аввал нест, ки дар мавриди набудани президент дар саҳнаи ом овозаҳо паҳн мешаванд. Солҳои қабл низ дар давраҳои кӯтоҳи камнамоии ӯ баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ авҷ мегирифтанд, аммо баъдан бо пайдо шудани ӯ дар чорабиниҳои расмӣ ин овозаҳо фурӯ менишастанд.
Дар шароите, ки иттилооти расмӣ маҳдуд аст, фазои иттилоотӣ бештар ба манбаъҳои ғайрирасмӣ такя мекунад. Дуъоҳои дастҷамъона ва паёмҳои дастгирӣ нишон медиҳанд, ки мавзӯи вазъи саломатии сарвари давлат барои бахше аз ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ дорад. Ҳамзамон, набудани тасдиқи расмӣ боиси идомаи гумонзаниҳо мегардад.
То замони нашри ин матлаб, маълумоти расмӣ дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон дастрас нест. Вазъият ҳамоно зери таваҷҷуҳи ҷомеа ва расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ қарор дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

