Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки муноқишаи шадиди миёни чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар шаҳри нишон медиҳад. Ҳодиса, ки ба занозании хунин анҷомид, акнун ба тафтишоти расмии пулиси Лаҳистон табдил ёфтааст. Аммо бахше аз наворҳо иддаоҳои дигареро ҳам матраҳ мекунанд — аз ҷумла сухан дар бораи «пуштибонии амниятӣ» ва таҳдидҳои сиёсӣ.
Ба иттилои манобеи пулисӣ, шаби 27 ба 28-уми феврал дар як истгоҳи сӯзишворӣ дар ноҳияи Воляи Варшава муноқишаи гурӯҳӣ сар зад. Дар натиҷа як марди 36-сола бо ҷароҳати вазнини сар ба бемористон интиқол ёфт. Шахси дигар осеби даст бардошт.
Пулис се шаҳрванди Тоҷикистонро, ки синнашон аз 25 то 36 сол гуфта мешавад, боздошт кардааст. Ҳамчунин як мошини тамғаи мусодира шуда, парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Тафтишот идома дорад.
Дар яке аз наворҳо марде бо сару рӯйи хунолуд дар замин дида мешавад. Дар пасманзар садое шунида мешавад, ки баъзе афродро «террорист» меномад.
Дар навори дигар, ки эҳтимол пеш аз авҷи даргирӣ сабт шудааст, ду нафар бо забони тоҷикӣ ба гурӯҳи дигар муроҷиат карда, ибораи зеринро ба забон меоранд:
«Пулатонро аз Амнияти Тоҷикистон мегиред»
Ҳамзамон, дар ҳамон сабтҳо афроди дигар «салафиҳои террорист» хонда шуда, бо депортатсия ва паёмадҳои ҷиддӣ таҳдид мегарданд. Ҳаққонияти ин иддаоҳо ва шахсияти гӯяндагон аз ҷониби мақомот то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.
Бино ба маълумоте, ки аз манбаи огоҳ ба даст расидааст, муноқиша гӯё заминаи молиявӣ доштааст. Гуфта мешавад, яке аз иштирокдорони ҳодиса маблағи қобили мулоҳиза қарздор буда, баҳс бар сари баргардонидани он ба муноқиша кашидааст. Дар ҳамин замина, бархе афрод худро ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон мансуб муаррифӣ кардаанд.
Ин иддаоҳо ҳанӯз аз ҷониби ягон ниҳоди расмӣ тасдиқ ё рад нашудаанд.
То лаҳзаи таҳияи ин гузориш, Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон ва мақомоти марбутаи Тоҷикистон изҳороти расмӣ нашр накардаанд. Расонаҳои лаҳистонӣ, аз ҷумла ва , бештар ба ҷузъиёти амалиёти пулис ва боздоштҳо таваҷҷуҳ кардаанд.
Ҳодиса дар ҳолест, ки мавзӯи фишор ва ихтилофҳои дохилии миёни муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ солҳои охир бештар матраҳ мешавад. Аммо дар мавриди ин қазия, танҳо натиҷаи тафтишоти расмӣ метавонад равшан кунад, ки то куҷо иддаоҳои марбут ба «пуштибонии амниятӣ» асос доранд.
Тафтишот идома дорад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

