Tuesday, September 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетYandex AI ба саволҳо дар бораи марги Эмомалӣ Раҳмон ҷавоб намедиҳад. Чаро?

Yandex AI ба саволҳо дар бораи марги Эмомалӣ Раҳмон ҷавоб намедиҳад. Чаро?

Таҷрибаи TajNews нишон дод, ки Yandex AI ба як қатор саволҳои мустақим дар бораи зинда будан ё набудани Эмомалӣ Раҳмон ҷавоб намедиҳад.

TajNews ба Yandex AI чанд савол бо шаклҳои гуногун пешниҳод кард:

  • «Оё президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вафот кардааст?»
  • «Оё Эмомалӣ Раҳмон мурдааст?»
  • «Оё Эмомалӣ Раҳмон зинда аст?»
  • «Оё хабарҳо дар бораи марги Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқатанд ё овоза?»

Дар ҳамаи ин ҳолатҳо Yandex AI аз ҷавоб додан худдорӣ карда, як матни яксон нишон дод:

«Ман наметавонам ба ин дархост ҷавоб диҳам. Ҷавобҳои ман барои бехатар, эҳтиромона ва мутобиқ ба принсипҳои ахлоқӣ будан таҳия шудаанд.»

Аммо вақте аз система пурсидем, ки «Дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон чӣ маълум аст?», Yandex AI ҷавоби муфассал дод ва ҳатто ба панҷ манбаъ, аз ҷумла ба TajNews, ишора кард.

Саволҳои беҷавоб дар пасманзари мулоқоти Раҳмон ва Путин

Ин рафтори Yandex AI дар замоне ҷолиб аст, ки 1 сентябр Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек бо Владимир Путин мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Аз ин рӯ, саволи дигар пайдо мешавад: оё маҳдудияти Yandex AI танҳо як филтри техникии зидди паҳншавии овозаҳо аст ё мавзӯъҳои сиёсӣ низ дар он нақш доранд?

Дар ҳоли ҳозир далели мустақиме вуҷуд надорад, ки Yandex AI қасдан барои ҳифзи манфиатҳои Русия ё баъд аз мулоқоти Раҳмон бо Путин чунин саволҳоро маҳдуд кардааст.

Аммо як чиз равшан аст: система метавонад дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод кунад ва манбаъҳои марбут ба марги эҳтимолии ӯро нишон диҳад, вале ба саволи оддии «Эмомалӣ Раҳмон зинда аст?» ҷавоб намедиҳад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular