Доналд Трампи хурдӣ, писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв (Лутфуллоев Умар Назарович), раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.
Рӯзномаи амрикоии “Financial Times” рӯзи 27-уми октябр дар асоси таҳқиқоти худ хабар додааст, ки онҳо якҷоя ба шикори қӯчқорҳои кӯҳӣ рафтаанд.
Ба иттилои нашрия, Трампи хурдӣ охири моҳи август ба пойтахти Муғулистон — Улан-Батор рафта, сипас чандсад километрро тай карда, ба бошишгоҳи шикорӣ дар ғарби кишвар рафтааст. Дар он ҷо ӯ бо гурӯҳи хурди роҳбаладони шикор, ронандагон ва ошпазҳо қарор доштааст.
Ба навиштаи “Financial Times”, имкони ҳамроҳ шудан ба Трампи хурдӣ дар ин сафар тавассути музоядаи хайриявӣ пешниҳод шуда буд ва яке аз ғолибони музояда ба ӯ ҳангоми шикор ҳамроҳ шудааст. Дар ин сафар инчунин Кевин Смолл, яке аз ҷонибдорони деринаи Ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА, иштирок доштааст. Аммо Кремлёв, ки дар музояда иштирок накарда буд, баъдан ба гурӯҳи шикорчиён ҳамроҳ шудааст. Дар ин сафар ӯро Артур Мартиросов, соҳибкор ва шарики фонди сармоягузории “Восход”, ки таҳти таҳримҳои ИМА қарор дорад, ҳамроҳӣ кардааст.
Худи Кремлёв рӯзи 30-уми август дар канали худ дар “Telegram” наворҳои сафараш ба Муғулистонро ҳамроҳи Мартиросов нашр карда будааст.
Яке аз иштирокдорони сафар ба “Financial Times” гуфтааст, ки Трампи хурдӣ ва Кремлёв ҳангоми будубош дар бошишгоҳи шикорӣ кӯшиш мекарданд, ки якҷоя акс нагиранд. Дар наворҳои нашркардаи Кремлёв низ писари президенти ИМА дида намешавад, ҳарчанд дар яке аз онҳо ду нафаре пайдо мешаванд, ки сафарҳои шикории Трампи хурдиро ташкил кардаанд.
Ба гуфтаи яке аз роҳбаладони шикор, Трампи хурдӣ дар ҷараёни сафар як қӯчқори кӯҳии алтайиро, ки ба намудҳои зери хатари нобудшавӣ қарор дорад ва барои шохҳои бузургаш миёни шикорчиён арзиши баланд дорад, шикор кардааст.
Пас аз шикор Трампи хурдӣ ба Улан-Батор баргашта, чанд мулоқоти ғайрирасмӣ, аз ҷумла зиёфат бо президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсухро анҷом додааст. Ҳангоми сафар ӯро кормандони Хадамоти махфии ИМА ҳамроҳӣ мекарданд.
Ба иттилои Financial Times, сафорати ИМА дар Улан-Батор барои ҳуҷраҳои меҳмонхона, ки ба иқомати кормандони ин хадамот аз 23-уми август то 6-уми сентябр марбут буданд, 18 ҳазору 715 доллар пардохт кардааст.
Ин сафар дар ҳолест, ки чанде пеш маълум шуда буд, Кремлёв як қисми хароҷоти ҷашнҳои баъди тӯйи Трампи хурдӣ ва ҳамсараш Беттина Андерсонро пардохт кардааст.
Нашрияи таҳқиқотии амрикоии “ProPublica” хабар дода буд, ки маблағгузорӣ иҷораи ҷазираи хусусӣ дар ҳавзаи баҳри Кариб ва баргузории ҷашнҳоро дар бар мегирифт. Трампи хурдӣ ва ҳамсараш Кремлёвро дӯсти наздики худ номида, пардохти хароҷотро туҳфаи арӯсӣ гуфтаанд.
Намояндаи Трампи хурдӣ ба “Financial Times” гуфтааст, ки онҳоро як шиноси муштарак аз доираи шикорчиён бо ҳам шинос кардааст. Ба гуфтаи ӯ, муносибати Трампи хурдӣ бо Кремлёв хусусияти шахсӣ дошта, асосан ба шавқи муштараки онҳо ба шикор, моҳидорӣ ва истироҳат дар табиат асос ёфтааст, на ба робитаҳои тиҷоратӣ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони соҳаи ҷосусӣ, ки “Financial Times” бо онҳо суҳбат кардааст, ҳушдор додаанд, ки чунин робитаҳои шахсӣ метавонанд барои таъсиррасонӣ истифода шаванд. Ҳолден Триплетт, собиқ масъули зиддиҷосусии Шӯрои амнияти миллии ИМА, гуфтааст, ки хадамоти амниятӣ ва ҷосусии Русия метавонанд аз робитаи шахсони дорои нуфузи сиёсӣ бо афроди дигар ба манфиати худ истифода баранд.
Умар Кремлёв, ки номи аслиаш Лутфуллоев Умар Назарович аст, соли 1982 дар шаҳри Серпухови Русия таваллуд шудааст. Ба иттилои расонаҳо, падари ӯ Назар Лутфуллоев тоҷик ва зодаи Ҳисори Тоҷикистон мебошад. Кремлёв аз соли 2020 роҳбарии Ассотсиатсияи байналмилалии боксро бар уҳда дорад.
Бояд гуфт, ӯ бо Тоҷикистон низ робитаи зич дошта, моҳи июни соли 2026 Кремлёв ҳамроҳ бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар оғози сохтмони Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор дар ноҳияи Синои пойтахт иштирок карда буд. Ба иттилои мақомоти шаҳр, маҷмааи варзишӣ барои 7 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, меҳмонхонаи ҳамшафати он 340 ҳуҷра хоҳад дошт.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


