Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар тозатарин раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар миёни 198 даста дар ҷойгоҳи 159-ум қарор дорад.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон зинаи охирин, яъне панҷумро касб кардааст. Беҳтарин дастаи мунтахаби минтақа ҳамоно Ӯзбекистон боқӣ мемонад, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 51-ум аст.
Раддабандии дастаҳои мунтахаби занонаи Осиёи Марказӣ чунин аст:
- Ӯзбекистон — ҷойгоҳи 51-ум.
- Қазоқистон — ҷойгоҳи 99-ум.
- Қирғизистон — ҷойгоҳи 139-ум.
- Туркманистон — ҷойгоҳи 142-юм.
- Тоҷикистон — ҷойгоҳи 159-ум.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз наздиктарин ҳамсояи минтақавии худ Туркманистон 17 зина ва аз Ӯзбекистон, ки дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст, 108 зина ақиб мемонад.
дастаи мунтахаби Испания, ки қаҳрамони кунунии ҷаҳон миёни бонувон аст, дар садри раддабандӣ мавқеъ гирифтааст. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, ҳамчунин, Амрико, Олмон, Инглистон ва Ҷопон шомиланд. Дар зинаи охирини ҷадвал Морис (Маврикий) қарор дорад. Қарор аст радабандии расмии баъдӣ 7-уми декабр нашр шавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр дастаи мунтахаби наврасдухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб кард. Духтарони футболбози мо бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, ҳамчунин бо Урдун мусовӣ (1:1) карданд ва аз Кореяи Ҷанубӣ (0:6) шикаст хӯрданд.
Вале ин натиҷаҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё кофӣ набуд. Аз рӯи натиҷаи се бозӣ дастаи Тоҷикистон чор имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро гирифт. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ғолиби гурӯҳ шуда, нуҳ имтиёз ба даст овард ва роҳхати худро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 таъмин кард.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


