Дар Москва 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон дар яке аз хобгоҳҳои маҳаллӣ аз ғизои тайёр заҳролуд шуданд. Панҷ нафари онҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.
Тибқи маълумоти Telegram-канали Mash, зарардидагон дар яке аз биноҳои истиқоматии Москва дар сохтмон кор мекарданд.
Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар онҳо пас аз хӯрдани гӯшти мурғ ва шӯрбо пайдо шуданд.
Рӯзи дигар аҳволи онҳо бадтар шуда, қай карданд. Ба хобгоҳ чандин мошини ёрии таъҷилӣ омад.
Соҳиби хобгоҳ Ирина Кленина изҳор дошт, ки коргарон дар иншооти сохтмонӣ заҳролуд шудаанд.
Ба ақидаи зан, хобгоҳи ӯ ба ин ҳодиса ҳеҷ иртиботе надорад, зеро ба гуфтаи ӯ ба ин коргарон, корфармо ғизо медиҳад.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.