Дар нуҳ моҳи соли равон гардиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба 1,13 миллиард доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли рнш 230,9 миллион доллар ё 25,6% бештар аст. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобилаи ду кишвар дар соли 2025 1,2 млрд доларро ташкил дода буд.
Ин омор дар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Ҳоким Холиқзода ва Нурлибек Налибаев, муовинони якуми сарвазирони ду кишвар баргузор шуд, зикр шудаааст.
Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки Қазоқистон яке аз се шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, соли 2025 аз ин кишвар ба Тоҷикистон 133,8 млн доллар сармоя (14,4 млн доллар сармоягузории мустақим) ворид шудааст.
Дар ҷаласа, ҷонибҳо бартараф кардани монеаҳои тиҷорӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, домпизишкиву гиёҳпизишкӣ (бойторӣ ва фитосанитарӣ), рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ, истифодаи аз имкониятҳои гузаргоҳӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энержӣ ва таъмини амнияти озуқавориро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар мавриди рушди ҳамкории тиҷориву сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ гуфтугӯ ва ба зарурати фаъолгардонии ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, татбиқи тарҳҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид кардаанд.
“Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо Протоколи ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодиро ба имзо расониданд. Ин санад натиҷаҳои музокирот ва тавофуқоти бадастомадаро дар бар гирифта, вазифаҳои мушаххаси вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду кишварро барои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муайян менамояд”, — навиштааст “Ховар”.
Қаблан, Валихон Тӯрахонов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар чорабиние дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Қазоқистон гуфта буд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон аз 148 миллион доллар гузаштааст.
Ба гуфтаи ӯ, муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба сатҳи нав баромада, ҳамкориҳо беш аз пеш хусусияти амалӣ касб мекунанд.
Тоҷикистон аз Қазоқистон чӣ ворид мекунад?
Дар нуҳ моҳ Тоҷикистион аз Қазоқистон аз ҳама бештар гандум, гази моеъ, оксидҳои алюминий ва равғанҳои растанӣ, маъсар, ҷуворимакка, ҷав ва орд харидааст. Гандум аз рӯйи арзиши воридот дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дар нӯҳ моҳ қариб 998,2 ҳазор тонна гандум ба маблағи 264,1 миллион доллар аз ин кишвар ба давлати мо ворид шудааст.
Маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон маъданҳои руҳ ва консентратҳои он буд. Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи 32,2 миллион доллар маъданҳои руҳ ва консентратҳои онро содир кардааст.
Дар байни дигар молҳои содиротӣ, оҳаки ношукуфта, дафтар ва обҳои ширинкардашуда ё хушбӯйкардашуда ба маблағи 2,8 миллион доллар ҳастанд. Ғайр аз ин, аз Тоҷикистон ва Қазоқистон меваҳои хушк ва ангур низ содир шудаааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.





