Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeҶаҳонНишасти “С5+1” дар Самарқанд баргузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио кадом...

Нишасти “С5+1” дар Самарқанд баргузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио кадом масъалаҳоро баррасӣ кард?

Имрӯз, 19-уми октябр дар Самарқанд нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва ИМА дар қолаби “С5+1” баргузор шуд. Дар ҳошияи он, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Марко Рубио, котиби давлатии ИМА мулоқоти алоҳида анҷом додааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) дар сомонаи расмии худ хабар дод.

Дар нишасти “С5+1” чӣ баррасӣ шуд?

Ба иттилои ВКХ, дар ин нишаст доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА баррасӣ гардид.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосирро баррасӣ намуданд”, — гуфта шудааст дар хабари вазорат.

Ба навиштаи ин ниҳод, дар ин замина аҳамияти идомаи муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи “С5+1” таъкид гардидааст.

Дар нишаст ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доштанд. Ҷонибҳо дар анҷоми нишаст изҳороти муштарак қабул карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио кадом масъалаҳоро баррасӣ кард?

Дар дидори алоҳида, вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону ИМА-ро муҳокима кардаанд. Ба гуфтаи ВКХ, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба таҳкими шарикии дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор намуданд.

Ду ҷониб ҳамчунин дар бораи масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳкими субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ табодули афкор доштанд.

“Ман аз мулоқот бо ҳар яки вазирони корҳои хориҷии C5+1 хурсандам. Мо якҷоя имкониятҳои тиҷоратӣ эҷод мекунем, иқтисодиётро тақвият медиҳем ва амнияти минтақавиро беҳтар месозем. Дар ҳар як бахши афзалиятнок — аз маъданҳои муҳим ва энержӣ то нақлиёт ва фанноварӣ — ҳамкории мо маънои ҷойҳои кории бештар, шукуфоии бештар ва амнияти бештарро барои ҳамаи кишварҳои мо дорад”, —


Марко Рубио
навштааст пас аз мулоқоти алоҳида бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ дар саҳифаи «Х»-и худ.

Ин мулоқоти дуюми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Марко Рубио дар чанд моҳи охир аст. Онҳо бо ҳам рӯзи 30-юми июн дар Вашингтон аҳамияти омӯзиши имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши маъданҳои муҳим ва соҳаҳои афзалиятноки дигарро таъкид карда буданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо Марко Рубио. Самарқанд, 19.10 .2026.
Акс аз саҳифаи "Х"- Рубио

Ҳамзамон, ҳамроҳи Марко Рубио ба Самарқанд беш аз 200 соҳибкори амрикоӣ омадаанд ва интизор меравад онҳо бо ҳамтояёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузориро баррасӣ кунанд. Маълум нест, ки аз Тоҷикистон чанд соҳибкор дар ин гуфтушунидҳо ширкат мекунанд.

Рубио дар бораи ҷанги Украина ва сиёсати хориҷии ИМА чӣ гуфт?

Дар нишасти Самарқанд Марпко Рубио ба масъалаҳои ҷаҳонӣ низ таваҷҷуҳ кардааст. Ба навиштаи Радиои Озодӣ, ӯ гуфтааст, Вашингтон талошҳоро барои хотима додан ба ҷанги Русия дар Украина идома медиҳад ва ҳушдор додааст, ки хатари паҳн шудани низоъ берун аз марзҳои ду кишвар вуҷуд дорад.

Рубио ҳамчунин аз қарори маъмурияти Трамп дар бораи ба муддати 60 рӯз ба таъхир андохтани бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ин қадам барои ҳамвор кардани роҳи гуфтушуниди Маскаву Киев аст.

Рақобат бо Чин ва Русия дар минтақа

Ин расона менависад, ки Рубио дар посух ба суол дар бораи рақобат бо Чин ва Русия дар Осиёи марказӣ гуфтааст, ИМА аз кишварҳои минтақа намехоҳад равобити ҳозираи худро қатъ кунанд; ҳадаф фароҳам кардани имкони одилона барои ширкатҳои амрикоист.

Марко Рубио дар Самарқанд. Акс аз торнамои podrobno.uz

Ба гуфтаи ӯ, ҳайати амрикоӣ барои пайдо кардани имкониятҳои сармоягузорӣ омадааст ва интизор меравад, қарордодҳо ба маблағи миллиардҳо доллар эълон шаванд. Ӯ афзуд, ки ҳадафи сафар на танҳо созишҳои фаврӣ, балки гузоштани замина барои ҳамкории дарозмуддат аст.

Ба навиштаи манбаъ, Рубио барои гуногунсозии занҷираҳои таъминот, бахусус дар бахши маъданҳои нодир, низ аҳаммияти хос қоил шуд ва вобастагии беш аз ҳад аз як таъминкунандаро хатарнок номид.

“Ҷексон-Вэник” ва Тоҷикистон

Макро Рубио, ба навиштаи Радиои Озодӣ, аз лағви ислоҳи “Ҷексон-Вэник” ҷонибдорӣ кард. Ин санад соли 1974 барои маҳдуд кардани тиҷорати ИМА бо кишварҳои ҷудогона қабул шуда буд ва ба Тоҷикистон низ дахл дорад.

Ба гуфтаи Рубио, ҳукумати ИМА ин ислоҳро лағв кардан мехоҳад, вале қарор дар ихтиёри Конгресс аст. Тоҷикистон дар гузашта ин масъаларо ба ҷониби амрикоӣ пешниҳод карда, ҳанӯз посухи мусбат нагирифтааст.

Қолаби “C5+1” соли 2015 ҳамчун майдони ҳамкории ИМА бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфта буд. Аввалин нишасти вазирон дар ин қолаб рӯзи 1-уми ноябри соли 2015 маҳз дар Самарқанд бо иштироки котиби давлатии вақти ИМА Ҷон Керрӣ ва вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дар қолаби “С5+1” моҳи ноябри соли гузашта бо ширкати сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Амрико дар Вашингтон баргузор шуда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular