Thursday, October 29, 2026
Место для Реклама!
HomeҶаҳонСироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши Амрико ва Осиёи Марказӣ ва мулоқот...

Сироҷиддин Муҳриддин барои ширкат дар ҳамоиши Амрико ва Осиёи Марказӣ ва мулоқот бо Рубио ба Самарқанд рафтааст


Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши Амрико ва Осиёи Марказӣ дар қолаби “С5+1” ба шаҳри Самарқанд рафтааст. Дар ҳошияи ин ҳамоиш, дидори ӯ бо ҳамтои амрикоияш Марко Рубио низ дар назар аст.

Нишасти вазири умури хориҷии амрикоӣ дар қолаби “С5+1” бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ имрӯз, 19-уми октябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҳамкории минтақаӣ ва густариши робитаҳои иқтисодии ҷонибҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Марко Рубио дирӯз, 18-уми октябр бо як ҳайати тиҷоратӣ иборат аз 200 соҳибкори амрикоӣ ба Самарқанд омад. Ӯ имрӯз, 19- уми октбяр ҳангоми боздид аз майдони Регистони Самарқанд гуфт, ки Вашингтон умедвор аст, дар натиҷаи сафари ӯ ба Осиёи Марказӣ миллиардҳо доллар созишнома ба имзо расонад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки имзои кадом созишномаҳо дар назар аст.

Дар Фурудгоҳи Самрқанд Марко Рубиоро роҳбари Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон Саида Мирзиёева пешвоз гирифт. Акс аз t.me/SShMirziyoyeva

Котиби давлатӣ таъкид кард, ки ИМА ният дорад робитаҳои тиҷоративу сармоягузориро на танҳо бо Ӯзбекистон, балки бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ тақвият диҳад.

Мулоқот ба рушди ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои тиҷоративу сармоягузорӣ бахшида шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular