Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад. Ин талабот дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки солҳои охир шумори муҳоҷирони кории тоҷик низ дар ин кишвар рӯ ба афзоиш аст.
Аз 1-уми июли соли 2027 шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди сафар ба Қазоқистон доранд, бояд пешакӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA) гиранд. Ин талабот дар доираи ҷорӣ шудани низоми нави иҷозатномаи электронии вуруд (ETA) амалӣ мешавад, ки Қазоқистон онро аз 1-уми ноябри соли 2026 ба таври марҳилавӣ роҳандозӣ мекунад.
Тибқи қоидаҳои нав, ки рӯзи 10-уми октябри соли ҷорӣ қабул шудааст, то 1-уми июли соли 2027 надоштани QazETA сабаби рад шудани вуруд нахоҳад буд. Дар ин давраи гузариш кормандони назорати сарҳадӣ танҳо мавҷуд будани иҷозатномаро месанҷанд ва тартиби гирифтани онро ба шаҳрвандони хориҷӣ мефаҳмонанд. Аммо аз 1-уми июли соли 2027 барои онҳое, ки ба гурӯҳҳои истисношуда дохил намешаванд, гирифтани иҷозатномаи электронӣ ҳатмӣ буда, дар сурати надоштани он вуруд ба Қазоқистон иҷозат дода намешавад.
Дархост барои гирифтани QazETA бояд на дертар аз 72 соат пеш аз сафар тавассути барномаи мобилии QazETA пешниҳод шавад. Ин иҷозатнома ройгон буда, муҳлати эътибори он 180 рӯз мебошад.
Аз гирифтани QazETA кӯдакони то 16-сола, шахсони 65-сола ва аз он боло, дорандагони раводиди Қазоқистон, иҷозати иқомати муваққатӣ ё доимӣ, мусофирони транзитӣ ва баъзе гурӯҳҳои дигар озод мебошанд.
Ин тағйирот дар ҳоле ҷорӣ мешавад, ки солҳои охир Қазоқистон ба яке аз самтҳои асосии муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёфтааст. Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар асосан дар бахшҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият мекунанд. Коршиносон мегӯянд, пас аз сахттар шудани қоидаҳои будубош ва муҳоҷират дар Русия, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор Қазоқистонро интихоб мекунанд, афзоиш ёфтааст.
Мақомоти Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ тавсия медиҳанд, ки пеш аз сафар талаботи нави вурудро бодиққат омӯзанд ва дар сурати зарурат иҷозатномаи электрониро пешакӣ дастрас намоянд, то ҳангоми убури сарҳад бо мушкил рӯбарӯ нашаванд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


