Дирӯз, 29-уми октябр, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор ва дар он тарҳи қонун дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷет барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шудааст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур дар ҷаласа зикр шуд, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин назар ба буҷаи тасдиқшудаи соли 2026-ум 15,1 миллиард сомонӣ ё 23,2% зиёд аст.
“Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027-ум 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028-ум 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029-ум 104,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад”, — омадааст дар хабари расмӣ.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат ба вазорату идораҳо дар мавриди рақамикунӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартарафсозии қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиши воридоти маҳсулот супоришҳое ироа кардааст.

Ӯ дастур додааст, ки тарҳи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шавад.
Ёдовар мешавем, ки даромади буҷети давлатӣ барои соли 2026-ум 65 млрд сомонӣ ва хароҷот – тақрибан 67 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷети давлатии кишвар 57,1 млрд сомонӣ ворид шудааст, ки 88%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба буҷети давлатӣ дар ин давра чӣ қадар маблағ ворид шудааст ва аз кадом ҳисоб, дар ин маводи мо хонед: Ба буҷети давлатӣ қариб 15% бештар маблағ ворид шудааст: аз кадом ҳисоб?

Ҳамчунин, дар ҷаласаи ҳукумат, Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул шудааст.
Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон супориш додааст, ки ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


