Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор мешавад.
Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд, қаҳрамонҳои пешини ҷаҳон дар риштаи бокс ва инчунин чанде аз ситораҳои дигар ба Душанбе омаданд. Сафари онҳо дар баробари мулоқот бо варзишгарони ҷавон, ба барномаи таблиғотии ширкати сохтмонии “TAS International Group” пайванд дорад.
Ба иттилои “Варзиш ТВ”, зуҳри рӯзи 5-уми ноябр дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси маҳорати ин ду муштзан ва собиқ қаҳрамонони риштаи бокс баргузор гардид. Қарор аст, онҳо ҳамчунин шоми имрӯз дар “Шоми пирӯзиҳои бузург” дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе иштирок кунанд.
Ширкати “TAS International Group” бо нашри эълони чорабинӣ шарикону муштариёнашро ба шоми консертӣ ва ҷамъбасти қуръакашии мошинҳо даъват кардааст. Нархи чипта аз 5 ҳазор сомонӣ шуруъ мешавад.
Ба назари огаҳон, ҳузури ситораҳои машҳури дунё дар Душанбе бештар ҳадафи тиҷоратӣ дорад ва барои ҷалби таваҷҷуҳ ба ширкати мазкур ва пешниҳодҳои он истифода мешавад. Ширкати сохтмонии Amir Holding низ ҷузъи ширкати TAS буда, тарҳи “Dushanbe International District”-ро амалӣ мекунанд. Санги асоси ин маҷмааро рӯзи 3-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ гузошта буданд.
Ҳоло маълум нест ширкат барои ҷалби ин ситораҳои машҳури дунё чӣ қадар маблағ масраф мекунад. Аммо ба назари бархе фаъолон, барои даъвати чунин ситораҳои дунё маблағи ҳангуфте масраф мешавад.
Аз нигоҳи иқтисоддонҳо, ширкати “TAS International Group” барои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ роҳи тамоман дигарро пеш гирифта, ки дар Тоҷикистон он қаблан дида намешуд. Вале, бояд донист, ки даъвати ин шумори зиёди ситораҳои дунё оё воқеан барномаи як ширкат аст, ки мехоҳад сармоя ҷалб кунад ё барномаи ҳукуматӣ дар қолаби дигар?
Дар сатҳи обрӯсозӣ, чунин саҳнаҳо метавонанд Душанберо ҳамчун шаҳри дорои тарҳҳои бузург ва тавони мизбонии чеҳраҳои ҷаҳонӣ нишон диҳанд. Дар манбаъҳои дастрас чунин ҳадаф ҳамчун сиёсати расмии ҳукумат эълон нашудааст. Ҳамзамон, фоидаи таблиғотӣ барои ширкатро набояд бо манфиати умумии иқтисоди Тоҷикистон яксон донист.
Оё дигар кишварҳо ҳам чунин таҷриба доранд?
Арабистони Саудӣ дар ҷалби чеҳраҳои маъруфи варзишӣ аз фаъолтарин кишварҳост. Лионел Месси аз соли 2022 сафири сайёҳии ин кишвар шуд, Криштиану Роналду бошад, ба бошгоҳи “Ал-Наср” пайваст.
Даъват ва таблиғи чеҳраҳои саршиноси дунё бо рушди сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осон кардани вуруд ба ин кишвар ҳамроҳ аст. Тибқи гузориши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Саудӣ соли 2023 тақрибан 27,4 миллион сайёҳи хориҷӣ қабул кард — 65 дарсад бештар аз соли 2022. Даромади сайёҳии воридотӣ ба 141,2 миллиард риёл (ҳудуди 37,7 миллиард доллари амрикоӣ) расид.
Ба гуфтаи коршиносон, Саудӣ бо захираҳои бузурги нафтиаш имкони хароҷотеро дорад, ки барои Тоҷикистон дастрас нест. Аммо таҷрибааш ба дигарҳо ин паёмро дод, ки: чеҳраи машҳур бояд чизеро таблиғ кунад, ки меҳмонҳо баъдан барои дидан ё истифодааш пул харҷ кунанд.
Узбекистон ҳатто ҳамин ду муштзанро пештар мизбонӣ карда буд. Моҳи ноябри соли 2023 Майк Тайсон ва Эвандер Ҳолифилд барои анҷумани 61-уми Шӯрои ҷаҳонии бокс — WBC — ба Тошканд рафтанд. Ба гузориши Kun.uz, дар анҷуман намояндагони тақрибан 100 кишвар иштирок доштанд.
Барномаи Тошканд мулоқоти ситораҳоро бо кори касбии соҳа пайваст мекард, ки он аз омӯзиши доварон, семинарҳои тиббӣ, баррасии радабандии муштзанҳо ва рақобатҳои ҳатмӣ иборат буд. Барои кишвари мизбон ин фурсате буд, ки намояндагони бокси худро бо роҳбарону мутахассисони байналмилалӣ рӯбарӯ кунад.
Дар Қирғизистон низ сафари ситораҳои пешини “Барселона” соли 2023 бо ифтитоҳи академияи футбол дар Ҷалолобод ҳамроҳ шуд. Натиҷаи мушаххасаш муассисае барои омӯзиши кӯдакон буд.
Барномаи Душанбе, тибқи эълони ташкилкунанда, асосан ба муштариёну шарикони ширкати сохтмонӣ ва қуръакашии мошинҳо равона шудааст. Ҳузури Тайсону Ҳолифилд метавонад номи ширкатро бештар матраҳ кунад ва ба фурӯши амволаш кумак расонад. Аммо хароҷоти даъвати ситораҳои варзишу синамо ва блогерони маъруф, инчунин натиҷаи молии ин чорабиниҳо барои ҷомеа рӯшан нест.
Дар намунаҳои баррасишудаи Арабистони Саудӣ, Узбекистон ва Қирғизистон даъвати ситораҳо бо таблиғи сайёҳӣ, ҳамкории байналмилалии варзишӣ ё таъсиси муассисаи омӯзишӣ пайванд дошт. Агарчи дар Душанбе манфиати тиҷоратии ташкилкунанда равшантар ба назар мерасад, вале саҳми барнома дар рушди сайёҳӣ ё варзиши кишвар ҳанӯз маълум нест. Ҳузури Раҳмон ва писараш дар муаррифии тарҳи сохтмонии ҳамин ширкат пурсишҳоро дар бораи вуҷуди манфиати шахсӣ ва хонаводагии оила бештар мекунад. Аммо пурсиши асосӣ ин аст: аз ин ҳама хароҷоту таблиғ, ғайр аз ширкати ташкилкунанда, ба ҷомеа чӣ мерасад?
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


