Тоҷикистон дар пажӯҳиши байналмилалии шаффофияти буҷет мавқеи худро беҳтар карда, аз 100 холи имконпазир 47 хол ба даст овард. Аммо ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кофӣ нест, ки маълумоти буҷетӣ барои ҷомеа ба қадри зарурӣ дастрас шуморида шавад.
Чаро кишвар то ҳол наметавонад марзи 50 холро гузарад, кадом мушкилот ҳалношуда боқӣ мондаанд ва чӣ бояд тағйир дода шавад? Ба ин ва дигар саволҳо, Уктам Ҷумъаев, коршиноси идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар суҳбат бо «Азия-Плюс» посух дод.
Тибқи натиҷаҳои охирини пажӯҳиши «Open Budget Survey 2025», Тоҷикистон аз 100 холи имконпазир 47 хол ба даст овард, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 14 хол бештар аст. Вале нишондиҳандаи аз 61 хол боло сатҳи кофии шаффофият дониста мешавад.
Хароҷоти буҷет: рақамҳо ҳастанд, аммо возеҳ не
Ҷумъаев яке аз мушкилоти асосиро дар камбудии гурӯҳбандии буҷет номид. Ин низомест, ки дар он хароҷоти давлатӣ бояд бо ҳадафҳои мушаххас ва натиҷаҳои пешбинишуда алоқаманд бошанд.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳбандии амалкунандаи хароҷот на ҳамеша имкон медиҳад, ки маблағҳо маҳз барои кадом фаъолият ҷудо мешаванд, муайян карда шавад.
Коршинос ба унвони мисол, боғи ботаникии «Ирам»-ро овард. Ба гуфтаи ӯ, хароҷоти ин боғ дар ҳуҷҷатҳои буҷетӣ ба гурӯҳи «Меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо» дохил карда шудаанд.
Мисоли дигар, ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда, ки хароҷоти онҳо дар гурӯҳи таҳқиқоти илмӣ инъикос шуданд. Дар ҳамин ҳол, фаъолияти чунин ҳудудҳо танҳо бо корҳои илмӣ маҳдуд намешавад.
Чунин номувофиқатиҳо, таҳлили буҷетро душвор мегардонанд: ҳатто барои мутахассисон муайян кардани таъиноти воқеии хароҷот ва арзёбии натиҷаҳои онҳо мушкил мешавад.
Уктам Ҷумъаев бар ин назар аст, ки гурӯҳбандии буҷетӣ бояд фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва ҳадафҳоеро, ки барои онҳо маблағ ҷудо мешавад, дақиқтар инъикос кунад.
Даромад аз моликияти давлатӣ паси парда мемонад
Мушкили дуюм, ба даромадҳои ғайриандозӣ дахл дорад. Ин маблағҳое мебошанд, ки давлат на аз ҳисоби андозҳо, балки аз манбаъҳои дигар, аз ҷумла аз истифодаи моликияти худ ва ба иҷора додани он ба даст меорад.
Ба гуфтаи коршинос, ин даромадҳо дар ҳуҷҷатҳои кушодаи буҷетӣ ба таври кофӣ муфассал инъикос намешаванд.
Ба арзёбии ӯ, баъзе сохторҳо чунин маълумотро намехоҳанд пешниҳод кунанд. Дар натиҷа, барои ҷомеа дарки он ки давлат аз моликияти худ чӣ қадар даромад ба даст меорад ва то чӣ андоза самаранок аз он истифода мебарад, душвор аст.
Тарҳрезии кумак ба минтақаҳо душвор аст
Ҷумъаев интиқоли байнибуҷетӣ — маблағҳоеро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои шаҳру ноҳияҳо равона мешаванд, яке аз дигар мушкилиҳо гуфт.

Ба гуфтаи коршинос, ҳаҷми чунин кумакҳоро пешакӣ муайян карда намешавад. Масалан, агар ноҳия нақшаи даромадҳои худро иҷро накунад, метавонад ба маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ниёз пайдо кунад. Аммо пешакӣ муайян кардани ҳаҷми ин дастгирӣ душвор аст.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи Уктам Ҷумъаев, маълумот дар бораи банақшагирӣ ва тақсимоти интиқолҳои байнибуҷетӣ ба таври кофӣ ошкор карда намешавад.
Бино ба арзёбии ӯ, барои ҳалли ин мушкилот дар низоми муносибатҳои байнибуҷетӣ тағйирот зарур аст.
Мушкилоти шаффофият дар бахши истихроҷ
Ҷумъаев фаъолияти заиф дар доираи «Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ» (ТШСИ)-ро яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи баланд бардоштани шаффофияти буҷет номид. Ин ташаббуси байнулмилалӣ ба ошкор кардани маълумот дар бораи истихроҷи захираҳои табиӣ, пардохтҳои ширкатҳо ба давлат ва идоракунии даромадҳо аз сарватҳои зеризаминӣ равона шудааст.
Ба гуфтаи коршинос, фаъолият дар ин самт дар Тоҷикистон амалан ҳоли рукуд буд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамоно заиф аст. Ҷумъаев бар ин назар аст, ки ин ҳолат ба кишвар барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баландтари шаффофияти молияи давлатӣ монеъ мешавад.
Мушкилоти бахши истихроҷ, дар арзёбии байналмилалии «Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷ» низ инъикос ёфтаанд. Моҳи июни соли 2025 Тоҷикистон барои иҷрои меъёри ин ташаббус, аз 100 холи имконпазир 55 хол ба даст овард.

Коршиносони байналмилалӣ, ба камбудиҳо дар ошкор кардани маълумот дар бораи иҷозатномадиҳӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва идоракунии даромадҳо аз захираҳои табиӣ ишора карданд.
Иштироки ҷомеа ҳанӯз ҳам маҳдуд аст
Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиши «Open Budget Survey 2025», Тоҷикистон барои иштироки ҷомеа дар раванди буҷетӣ аз 100 холи имконпазир ҳамагӣ 17 хол ба даст овард. Дар пажӯҳиши қаблӣ, ин нишондиҳанда ҳафт холро ташкил медод.
Уктам Ҷумъаев мегӯяд, то чанде пеш намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати молия, ки дар он масъалаҳои буҷетӣ баррасӣ мешаванд, ҳузур надоштанд. Ҳоло намояндагони ду-се созмони ҷамъиятӣ ба ин гурӯҳ ҷалб шудаанд. Аммо ба андешаи коршинос, танҳо ҳузури онҳо ҳанӯз маънои иштироки комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандиро надорад.
Ӯ пешниҳод мекунад, ки рӯзномаи ҷаласаҳо, протоколҳои муҳокимаҳо ва маълумот дар бораи масъалаҳои баррасишаванда дар саҳифаи алоҳида нашр карда шаванд.
Дар ин сурат рӯзноманигорон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон метавонанд раванди таҳияи қарорҳои буҷетиро пайгирӣ кунанд ва дар муҳокимаи онҳо иштирок намоянд.
Музокираҳои парлумонӣ аз назари ҷомеа дур мемонанд
Пас аз пешниҳоди лоиҳаи буҷети давлатӣ ба парлумон, онро кумитаҳо ва комиссияҳои соҳавӣ баррасӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи Ҷумъаев, натиҷаҳои ин муҳокимаҳо ба қадри кофӣ ошкор нестанд. Яъне ҷомеа на ҳамеша огоҳ аст, ки вакилон кадом масъалаҳоро баррасӣ карданд, чӣ пешниҳодҳо ворид шуд ва кадом тағйирот мавриди муҳокима қарор гирифт
Коршинос, ҳамчунин, ба асосноккунии нокифояи иқтисодии қарорҳо дар бораи пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Илова бар ин, давлат бояд хавфҳои буҷетӣ — ҳолатҳоеро, ки метавонанд боиси хароҷоти иловагӣ ё коҳиши даромадҳои хазина шаванд, муфассалтар таҳлил карда, маълумот дар бораи онҳоро ошкор кунад.
Аудити давлатӣ: санҷиш мегузаронанд, аммо на ҳама маълумотро ошкор мекунанд
Мушкилот дар марҳилаи назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ низ боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи Уктам Ҷумъаев, Палатаи ҳисоб воситаҳои рақамӣ (электронӣ)-еро ҷорӣ мекунад, ки ба таҳлили хароҷот ва ошкор кардани қонуншиканиҳои эҳтимолӣ мусоидат мекунанд.

Аммо ҷомеа бояд дар бораи натиҷаҳои санҷишҳо маълумоти бештар дастрас кунад. Коршинос таъкид кард, ки вохӯрии матбуотӣ ё брифинг, ҷойгузини гузориши мукаммали аудиторӣ шуда наметавонад. Ӯ зарур мешуморад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муайян кардани масъалаҳое ҷалб карда шавад, ки таваҷҷуҳи аудиторҳоро талаб мекунанд.
Масалан, агар сохтмони иншооти давлатӣ шаш ё ҳафт сол идома ёбад, созмонҳои ҷамъиятӣ метавонистанд пешниҳод кунанд, ки сабабҳои таъхир ва самаранокии истифодаи маблағҳои ҷудошуда санҷида шаванд.
Пешравӣ ҳаст, аммо ислоҳот зарур аст
Бо вуҷуди мушкилоти зикршуда, Ҷумъаев аз тағйироти мусбат дар самти шаффофияти буҷети Тоҷикистон ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир мақомоти кишвар ба нашри теъдоди бештари ҳуҷҷатҳои молиявӣ шурӯъ карданд. Аз ҷумла, шарҳи нимсолаи иҷрои буҷет нашр мешавад.
Коршинос, ҳамчунин фаъолтар шудани кори Шӯрои миллии рушди назди раисҷумҳур ва иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти онро мусбат арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин майдон масъалаҳои сиёсати гендерӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар самтҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Дар баробари ин, мушкилоти саривақт нашр кардани маълумот ҳамоно боқӣ мемонанд. Ҳатто ҳуҷҷатҳое, ки дар дастрасии умум қарор доранд, на ҳамеша имкон медиҳанд, ки дар бораи даромаду хароҷоти давлатӣ маълумоти кофӣ ва муфассал ба даст оварда шавад.
Дар тавсияҳои «Open Budget Survey 2025» ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки маълумоти бештарро дар бораи хавфҳои молиявӣ ошкор кунад, тақсимоти муфассали хароҷотро аз рӯи гурӯҳбандии иқтисодӣ барқарор кунад, нашри саривақтии ҳисоботи буҷетиро таъмин кунад ва имкониятҳои иштироки ҷомеаро васеъ гардонад.
Ҷумъаев дар хулоса изҳор дошт, ки бидуни тағйироти мукаммал дар идоракунии молияи давлатӣ ба таври назаррас баланд бардоштани арзёбии шаффофияти буҷет душвор хоҳад буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.


