Издивоҷи як ҷуфти ҷавон дар Душанбе бо ҷашну хурсандӣ оғоз шуд, вале пас аз моҳе ба додгоҳ ва ҷаримаи пулии домод анҷомид.
Сӯҳроб, ҷавоне, ки барои арӯсӣ 50 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст, пас аз чанд ҳафтаи зиндагӣ иддао кард, ки арӯс нодухтар буд ва аз хонаводаи ӯ талаб кард, ки пули «қалин» ва харҷи тӯйро баргардонанд.
Аммо додгоҳ шикояти домодро бепоя арзёбӣ карда, баръакс, худи ӯро ба тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи арӯс гунаҳкор донист ва ба пардохти 10 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард.
Таҳқиқот чӣ нишон дод?
Пас аз оғози баҳс, оилаи арӯс таъкид карданд, ки духтари онҳо покдоман аст ва барои исбот ташхиси тиббӣ анҷом доданд, ки тасдиқ кардааст, ки ӯ бокира буд ва пеш аз издивоҷ бо ҳеҷ кас ҳамхоба нашудааст.
Ба гуфтаи падари арӯс, духтараш пас аз 25 рӯзи зиндагӣ мавриди туҳмат қарор гирифта, домод талаб кардааст, ки пули хароҷоти тӯй баргардонида шавад.
«Аввал розӣ буданд, ки пулро баргардонанд, то масъала байни худамон ҳал шавад. Баъдан, аз фикрашон гаштанд ва ба додгоҳ шикоят карданд», мегӯяд падари арӯс.
Навори баҳсбарангез ва изҳороти духтар
Сӯҳроб барои исботи иддаои худ як навори видеоӣ сабт кардааст, ки дар он арӯс ба нодухтар буданаш «иқрор» мешавад.
Аммо додгоҳ ин наворро беэътибор шуморида, гуфт, ки он зери фишор ва таҳдид сабт шудааст.
Духтар дар аризаи додгоҳӣ навиштааст:
«Манро муддати як моҳ бо хоҳиши худаш истифода бурда, сипас бо мақсади ғаразнокаш маро туҳмат намуда, шаъну шарафи маро паст зад.»
Ба гуфтаи хонаводаи арӯс, пас аз ин ҳодиса ӯ зери фишори равонӣ қарор гирифта, чанд муддат дар ҳолати шок буд.
Оё пардаи бакорат ҳамеша далели покдоманист?
Табибон мегӯянд, ки набудани хуни шаби аввали издивоҷ далели нодухтар будани зан нест.
Фуод Ризо, табиби лубнонӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфтааст:
«Пардаи бакорат метавонад ҳангоми варзиш ва ё дучархасаворӣ аз байн биравад. Ҳатто баъзе бонувон бо вуҷуди доштани парда, пас аз алоқаи ҷинсӣ ҳеч хуне намебинанд.»
Бархе аз пардаҳо ёзанда ва ҳалқашакл буда, ҳатто пас аз борҳо робитаи ҷинсӣ ҳеч осоре аз вайроншавӣ намоён намешавад.
Ҳуқуқшиносон чӣ мегӯянд?
Ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки туҳмат нисбат ба покдомании занон ҷиноят ҳисобида мешавад.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, тӯҳмат нисбат ба шаъну шарафи занон метавонад бо ҷарима ё ҳатто ҳабс ҷавоб дода шавад.
Ҳукми додгоҳ ва идомаи баҳс
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Сӯҳробро гунаҳкор дониста, ӯро ба пардохти 10 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард.
Аммо домоди норозӣ мегӯяд, ки ҳукмро қабул надорад ва ба додгоҳи болоӣ шикоят мебарад.
Ин ҳодиса бозгӯкунандаи мушкилоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳанӯз ҳам дар бахши муносибатҳои издивоҷӣ таассуботи сахт вуҷуд доранд.
Мутахассисон мегӯянд, ки ноогоҳии ҷавонон дар бораи ҳаёти ҷинсӣ ва беасос будани иддаоҳо метавонад ба тақдири бади духтарон анҷом ёбад.
Оё додгоҳи болоӣ ҳукми қаблиро тағйир медиҳад ё боиси боз ҳам мураккабтар шудани ин баҳс мешавад – вақт нишон хоҳад дод.
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.