Дар ҳоле ки Тоҷикистон ба интихоботи парлумонии 2-юми март омодагӣ мегирад, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар (КМИР) бозтоби интихоботро танҳо ба расонаҳои давлатӣ ва бархе расонаҳои русӣ маҳдуд кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, Радиои Озодӣ, яке аз маъруфтарин расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон, расман аз инъикоси интихобот маҳрум шудааст.
Носирҷон Салимӣ, роҳбари маркази матбуотии КМИР, дар посух ба дархости Радиои Озодӣ сабабро гузаштани муҳлат барои дарёфти аккредитатсия номидааст.
Аммо асли масъала дар он аст, ки ин маълумот ба таври васеъ дар расонаҳо нашр нашуда, балки танҳо дар як гӯшаи ноаёни вебсайти КМИР ҷойгир карда шудааст, ки шубҳаҳоро дар бораи боз як нақшаи маҳдудкунии озодии матбуот бештар мекунад.
Интихоботи «назоратшаванда» ва маҳдудият ба расонаҳои мустақил
Ба гуфтаи як манбаи наздик ба КМИР, танҳо расонаҳои давлатӣ ва расонаҳои Русия ҳаққи бозтоби интихоботро дарёфт кардаанд.
Дар натиҷа, маълум мешавад, ки ҳукумат мехоҳад интихоботро танҳо бо назорати пурра ва бидуни муҳокимаи воқеӣ гузаронад.
Ин дар ҳолест, ки Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ аз фиристодани нозирон ба интихоботи Тоҷикистон даст кашидааст, зеро кафолати сабтиноми нозирон дода нашудааст.
Ҷунбиши «Ислоҳот ва рушд», ки аз мухолифони ҳукумат аст, интихоботи Тоҷикистонро «раванди сохташуда» номида, онро бойкот кардааст.
Низоми якҳизбӣ ва намоиши «интихобот»
Ба назар мерасад, ки интихоботи парлумонии 2025 боз ҳам як намоиши сунъии сиёсӣ хоҳад буд, ки дар он натиҷаҳо пешакӣ маълуманд.
Дар интихоботи оянда шаш ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро пешниҳод кардаанд, ки ҳамаашон бевосита сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолиф дар дохили кишвар, на анҷуман баргузор кард ва на номзаде пешниҳод намуд.
Маълум аст, ки бо набудани интихоботи воқеӣ, набудани нозирони байналмилалӣ ва манъ кардани расонаҳои мустақил, ҳукумати Тоҷикистон боз ҳам интихоботи таҳти назорат ва дур аз меъёрҳои демократиро анҷом медиҳад.
Озодии матбуот дар Тоҷикистон: тангшавии ҳаррӯзаи фазои иттилоотӣ
Манъи Радиои Озодӣ аз бозтоби интихобот на танҳо як тасмими техникӣ, балки далели возеҳи маҳдудшавии минбаъдаи озодии баён ва журналистикаи мустақил дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумат бо ин амалаш мехоҳад танҳо як раванди сунъии сиёсиро бе ҳузури назоратчиёни мустақил амалӣ кунад, то «интихоботи шаффоф» номидани онро осонтар гардонад.
Оё ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи инсон ба ин таҳаввулот вокуниш нишон хоҳанд дод? Ё боз ҳам «имтиҳони демократияи тоҷикӣ» бе ягон интиқод гузашта меравад?
Ҷавоби ин саволро эҳтимолан пас аз «интихоботи 2 март» хоҳем гирифт, вақте ки натиҷаҳои пешакӣ маълумшуда эълон хоҳанд шуд.
Даъват ба шаҳрвандон: биёед худ нозири интихобот бошем!
Бо назардошти маҳдудиятҳои ҷиддии расонаӣ ва набудани нозирони мустақил, мо тамоми мардуми Тоҷикистонро даъват мекунем, ки интихоботи 2 мартро мустақилона назорат кунанд.
Агар шумо шоҳиди қонуншиканӣ, тақаллуб, истифодаи маъмурият барои маҷбур кардани мардум ба овоздиҳӣ ё дигар қонунвайронкуниҳо шавед, метавонед аксу наворҳоятонро барои TajNews ирсол намоед.
Интихобот ҳаққи шумост. Танҳо бо фаъолияти шаҳрвандии худ метавонем ҳақиқатро ошкор кунем!
Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум
Subscribe to get the latest posts sent to your email.