Пожертвовать
7.5 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойСиёсатИнтихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон: Демократия ё саҳначаи навбатӣ?

    Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон: Демократия ё саҳначаи навбатӣ?

    2-юми марти соли 2025 дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, аммо бо вуҷуди маъракаи интихоботӣ, аксарият онро як «саҳначаи сиёсӣ» меноманд. Мухолифон ин интихоботро ғайридемократӣ ҳисобида, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз фиристодани нозирон худдорӣ кардааст.

    Ба иттилои Радиои Озодӣ, на танҳо нозирони байналмилалӣ, балки расонаҳои мустақил низ аз инъикоси интихобот маҳрум шудаанд. Танҳо расонаҳои давлатӣ ва бархе аз расонаҳои хориҷии ҷонибдори ҳукумат имкони пӯшиши интихоботро доранд.

    Мухолифон интихоботро бойкот карданд

    Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, яке аз созмонҳои мухолиф, бо пахши изҳороте ба таҳрими интихобот даъват кардааст. Он мегӯяд, ки «интихоботи порлумонӣ як раванди пешакӣ тарҳрезишуда аст, ки ҳадафи асосии он ҳифзи қудрати ҳукумати феълӣ мебошад.»

    Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таъкид мекунад, ки «ҳукумати Тоҷикистон ба авҷи диктатура расидааст». Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфтааст:
    «Дар шароити феълӣ касе наметавонад дар интихобот бо озодӣ ширкат кунад. Ҳукумати Тоҷикистон комилан мутмаин аст, ки ҳеч кишвар ё ниҳоди байнулмилалӣ дигар қудрат ё майли интиқод аз ин интихоботро надорад. Аз ин рӯ, онҳо ҳар чӣ дилашон хоҳад, анҷом медиҳанд.»

    Оё интихобот рақобат дорад?

    Дар Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои тобеи ҳукумат номзадҳои худро пешниҳод кардаанд. Аз миёни 220 номзад, ки барои 63 курсии порлумон сабти ном шудаанд, ҳамаашон ё аъзои ҳизби ҳокиманд ё намояндагони созмонҳои тобеи давлат. Ҳизби сотсиал-демократ, ки ягона ҳизби расман сабтиномшудаи мухолифон дар кишвар буд, на анҷуман доир кард ва на номзаде пешниҳод намуд.

    Дилшод Шарифов, раиси «Гурӯҳи 24», ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, низ интихоботро «сахначаи сиёсӣ» номида, мегӯяд, ки аксари шаҳрвандон ҳатто номҳои ҳизбҳоро намедонанд:
    «Ин маърака танҳо барои он аст, ки бигӯянд дар кишвар интихобот баргузор шуд. Дар асл, на ҳизби воқеан мухолиф дар интихобот иштирок мекунад ва на ягон рақобати воқеӣ вуҷуд дорад.»

    Шаффофият ё маҳдудият?

    Бар хилофи талаботи қонун, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ба расонаҳои мустақил, аз ҷумла Радиои Озодӣ, BBC, Asia-Plus ва Faraj, иҷозаи инъикоси интихоботро надодааст. Инчунин, дар вебсайти КМИР эълонҳо дар бораи зарурати сабти ном барои бозтоби интихобот танҳо дар як гӯшаи торнамо нашр шуда, васоити ахбори ғайридавлатӣ дар ин бора иттилоъ надоштаанд.

    Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки бар асоси қонун, интихобот бояд шаффоф ва дастрас бошад, аммо дар Тоҷикистон танҳо расонаҳои давлатӣ ҳаққи пӯшиши онро доранд. Ҳатто нозирони САҲА, ки қаблан интихоботҳоро назорат мекарданд, имсол аз иштирок дар ин раванд худдорӣ намуданд.

    Оё мардум метавонанд воқеиятро нишон диҳанд?

    Дар шароите, ки нозирони байналмилалӣ ва расонаҳои мустақил имкони назорати интихоботро надоранд, танҳо худи шаҳрвандон метавонанд қонуншиканиҳоро сабт кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонанд.

    Агар шумо дар ҷараёни интихобот қонуншиканӣ, тақаллуб, таҳдид, монеагузорӣ барои раъйдиҳӣ ё маҷбуркунии мардумро мушоҳида кунед, метавонед акс ё видео гирифта, ба расонаҳои мустақил, аз ҷумла TajNews ирсол намоед.

    Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз раванди интихобот дар Тоҷикистон бехабар аст, аммо мардум метавонанд бо нишон додани ҳақиқат садояшонро ба берун расонанд.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!