Sunday, July 6, 2025
ads
HomeҲуқуқи инсонБоздошти беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар Душанбе

Боздошти беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз” дар Душанбе

Ба гузориши TajNews, мақомот дар Душанбе беш аз 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсиро боздошт намудаанд. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки аксари боздоштшудаҳо сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, як қисми боздоштҳо рӯзи 9-уми март ҳангоми маросими дафни як сокини маҳалла сурат гирифта, дигаронро аз манзилҳояшон бурдаанд.

Пайвандони боздоштшудаҳо, ки нахостаанд номашон зикр шавад, гуфтаанд, ки бо гузашти чанд рӯз то ҳол аз ҳолати фарзандонашон хабаре надоранд ва мақомот низ шарҳе дар бораи сабабҳои боздошт ироа накардаанд.

То кунун мақомоти Тоҷикистон расман сабаби боздошти ин сокинонро шарҳ надодаанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта низ ҳолатҳои боздошти гурӯҳии сокинони Язгулом мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, дар моҳи майи соли 2024, Azda.tv гузориш дода буд, ки дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти вижаи мақомоти қудратӣ баргузор гардида буд.

Боздошти ахир боиси нигаронии пайвандон ва ҷомеа гардидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳо дар ин замина авҷ гирифтаанд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?