Пожертвовать
3.3 C
Лондон
Html code here! Replace this with any non empty raw html code and that's it.
Бахшҳо
    ДомойМуҳоҷиронҲушдори ВКД Тоҷикистон ба муҳоҷирон дар бораи истифодаи «ҳазориспанд» дар Русия

    Ҳушдори ВКД Тоҷикистон ба муҳоҷирон дар бораи истифодаи «ҳазориспанд» дар Русия

    Ба иттилои TajNews, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба муҳоҷирони тоҷик ҳушдор додааст, ки аз моҳи феврали соли 2024 растании «ҳазориспанд» дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид карда шудааст.

    Бар асоси қонунгузории Федератсияи Русия, гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ барои мақсадҳои шахсӣ ё тиббӣ манъ буда, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия, ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

    Дар сурати аз меъёри муқарраршуда зиёд будани ҳаҷми «ҳазориспанд», интиқолдиҳанда метавонад ба ҷарима ба маблағи то 1 миллион рубл ё маҳрум сохтан аз озодӣ мувоҷеҳ гардад. Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолати даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии ин растанӣ дучори ихроҷ аз қаламрави Русия хоҳанд шуд.

    Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват намудааст, ки аз истифода ва интиқоли «ҳазориспанд» дар қаламрави Русия худдорӣ намоянд, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ ва оқибатҳои ҷиноятӣ ҷилавгирӣ шавад.


    Больше на Хабарҳои Тоҷикистон – Садои мустақили мардум

    Subscribe to get the latest posts sent to your email.

    Минск, Беларус

    Моро пайгири кунед!

    Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “TajNews” фиристед.

    Шумораи мо (WhatsApp, Telegram): WhatsApp: +380 733 123450
    Telegram: @TajNews_org_bot

    Facebook TajNews: Ба саҳифаи мо дар Facebook пайваст шавед

    Пурбаҳс

    Пурхондатарин

    Шарҳи худро илова кунед!