Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон се шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, онҳоро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ карданд.
Рӯзи 18-уми март ҳавопаймои низомии CASA аз фурӯдгоҳи Краков-Балисе парвоз кард, ки 14 шаҳрванди хориҷӣ-ро, ки аз Лаҳистон ихроҷ шудаанд, ба кишварҳои худ мебурд.
Ба гуфтаи мақомоти Лаҳистон, миёни ихроҷшудагон:
- 4 шаҳрванди Гурҷистон,
- 7 шаҳрванди Узбекистон,
- 3 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Сабабҳои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ
Мақомоти Лаҳистон номи ихроҷшудагонро ифшо накардаанд, аммо онҳоро дар вайрон кардани қоидаҳои роҳ, аз ҷумла ронандагӣ дар ҳолати мастӣ, терроризм, хатар ба амнияти миллӣ, дуздӣ, ва ҷиноятҳои дигари вазнин гумонбар донистаанд.
Чаро Лаҳистон сиёсати ихроҷро сахттар кардааст?
Тасмими ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ пас аз изҳори нигаронии Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон гирифта шудааст.
Вай аз раҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия талаб кард, ки нақшаи сареъ барои вокуниши фаврӣ ба ҷиноятҳои созмонёфтаи хориҷиён таҳия кунанд.
Дар натиҷа, нерӯҳои марзбонии Лаҳистон амалиётҳои пайваста мегузаронанд, то хориҷиёнро ҳам ихтиёрӣ ва ҳам иҷборӣ аз кишвар хориҷ кунанд.
Ихроҷи ҳазорҳо хориҷӣ аз Лаҳистон
Мувофиқи иттилои расмии мақомоти Лаҳистон, аз аввали соли 2024 марзбонони ин кишвар фармони ихроҷи тақрибан 3000 шаҳрванди хориҷиро содир кардаанд.
Ин нишон медиҳад, ки Лаҳистон сиёсати сахтгиронаи муҳоҷиратро пеш гирифтааст ва амниятро нисбат ба муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.